Дар Қуния Бизнес-Форуми Тоҷикистон ва Туркия баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар шаҳри Қунияи Туркия Бизнес-Форуми Тоҷикистон ва Туркия баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар медиҳад.
Бизнес-Форум дар ҳошияи сафари расмии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба Туркия ва иштирок дар маросими 748-солагии маросими «Шаби арӯс» (ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) ба нақша гирифта шудааст.
Инттизор меравад, ки дар форуми мазкур намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла саноати фармасевтӣ, саноати нассоҷӣ, молияву бонкдорӣ, маъдан, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ ва тиҷорат, инчунин вазорату идораҳои давлатии ҷонибҳо иштирок намоянд.
Ҳамзамон дар доираи Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) баргузор хоҳад гашт.
Пешбинӣ мешавад, ки бо дарназардошти корбариҳои дар доираи Форуму вебинарҳо ва сафари ҳайатҳои тиҷоратӣ ба ду кишвар, ки қаблан давоми соли ҷорӣ амалӣ шудаанд, дар ҳошияи чорабинии мазкур баимзорасонии якчанд санадҳои ҳамкорӣ сурат гирад.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






