Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон дар конфронс бахшида ба 80- солагии муҳорибаи Москва ширкат намуд

Декабрь 28, 2021 13:32

ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси байналмилалии илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Муҳориба барои Москва: сабақҳо ва хулосаҳо», ки ба 80-умин солгарди муҳорибаи Москва бахшида шуда буд, дар шакли онлайн доир гардид. Конфронс бо ташаббуси Донишгоҳи миллии мудофиа ба номи нахустин президенти Қазоқистон- Елбаси баргузор карда шуд.

Дар он ҳайати профессорон-омӯзгорон ва шунавандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, инчунин муассисаҳои олии ҳарбии пешқадами Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, намояндагони котиботи Шӯрои ИДМ, осорхонаҳои таърихӣ- низомӣ ва воҳидҳои ҷустуҷӯӣ иштирок намуданд.

Мавзӯи ягонагии халқи Шӯравӣ чун омили барҷастае, ки на танҳо ба раванди муҳорибаи Москва таъсир расонид, балки нақши асосиро барои ба даст овардани ғалаба дар тамоми ҷангҳо бозид, чун нуқтаи муҳим тамоми баромадҳои иштирокдорони конфронсро фаро гирифт.

Бо маърӯза оид ба нигаҳдошти хотираҳои таърихӣ дар бораи қаҳрамонон-ғолибон ва баёни норизоӣ ҷиҳати сохтакорӣ кардани гузаштаи қаҳрамонони халқҳои Иттифоқи Шӯравӣ роҳбари филиали Осорхонаи  таърихӣ-низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қазоқистон, набераи генерал Иван Панфилов, командири дивизияи машҳури 316-уми тирандоз Алуа Байқадамова сухун гуфт. Дар бораи ҷанбаҳои амалии корҳое, ки дар ин самт амалӣ мегарданд, сардори Осорхонаи таърихӣ-низомӣ, доктори илмҳои фалсафа, полковник Нуртазо Асилов сухан намуд.

Баррасии ҳамаҷониба ва муфассали мавзӯъҳо тавассути баромадҳои пурмазмуни муаррихони ҳарбӣ, аз ҷумла: доктори илмҳои таърих Евгений Панин ва капитани дараҷаи 1 дар захира Нурулло Алиев, номзадҳои илмҳои таърих, полковник Андрей Шагов, Валерий Золотарев, Алексей Исаев, Андрей Плеханов ва Татяна Киселева; Андрей Колганов, номзади илмҳои сиёсӣ, Майдан Кусайнов, номзади илмҳои техникӣ, полковник Риспек Солтоев, подполковник Фаридун Эмомализода ва майори эҳтиётӣ Стёпа Аракелян сурат гирифт.

Зимни хулосабарорӣ дар хотимаи ҳамоиш иҷрокунандаи вазифаи сардори Донишгоҳи миллии мудофиа, номзади илмҳои техникӣ, профессор, полковник Амангелдӣ Тогусов аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалӣ, инчунин динамикаи афзояндаи ҳамкории муассисаҳои таълимии олии ҳарбиро дар сиғаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зикр  намуд.

Ёдовар мешавем, ки 29 сентябри соли 1992 бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Коллеҷи олии ҳарбӣ таъсис дода шуд. 30 апрели соли 2002 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муассисаи таълимӣ ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

ДАР АКС лаҳзае аз муҳорибаи  солҳои 1941-42 Москва инъикос ёфтааст

Декабрь 28, 2021 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд