ФУТБОЛ. Имрӯз дар Хуҷанд пеш аз бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 нишасти хабарӣ доир шуд

Декабрь 8, 2021 16:38

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар остонаи бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаи чемпиони ҳашткаратаи Тоҷикистон- «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе бо барандаи медалҳои нуқраи чемпионати кишвар — дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар нишаст комиссари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 Ҷамшед Исмоилов аз шаҳри Душанбе, нозири доварон Насриддин Азизов аз ноҳияи Қубодиён, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кишвар, дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.

Зимни нишаст масъалаҳои ташкилии бозии дарпешистода мавриди баррасӣ қарор гирифта, шакли либосҳои финалистон тасдиқ карда шуд. Мизбони номиналӣ – футболбозони «Истиқлол» бо либоси сурху сиёҳ ва меҳмонони номӣ – футболбозони «Хуҷанд» бо либоси кабуд дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 ҳунарнамоӣ мекунанд. Агар вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин вақт ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА ғолиб аз рӯйи силсилазарбаҳои 11-метра маълум мегардад.

Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд пагоҳ, 9 декабр, соати 13 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

Финал

9 декабр (панҷшанбе)

Оғоз — соати 13:00

«Истиқлол» — «Хуҷанд»

Довари марказӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)

Ёварон: Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев (ҳарду аз Норак).

Довари эҳтиётӣ: Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Доварони иловагӣ: Насрулло Кабиров (Норак), Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қубодиён).

Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

                                                    АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 8, 2021 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон муайян мегарданд
Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд