ФУТБОЛ. Имрӯз дар Хуҷанд пеш аз бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 нишасти хабарӣ доир шуд

Декабрь 8, 2021 16:38

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар остонаи бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаи чемпиони ҳашткаратаи Тоҷикистон- «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе бо барандаи медалҳои нуқраи чемпионати кишвар — дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар нишаст комиссари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 Ҷамшед Исмоилов аз шаҳри Душанбе, нозири доварон Насриддин Азизов аз ноҳияи Қубодиён, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кишвар, дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.

Зимни нишаст масъалаҳои ташкилии бозии дарпешистода мавриди баррасӣ қарор гирифта, шакли либосҳои финалистон тасдиқ карда шуд. Мизбони номиналӣ – футболбозони «Истиқлол» бо либоси сурху сиёҳ ва меҳмонони номӣ – футболбозони «Хуҷанд» бо либоси кабуд дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 ҳунарнамоӣ мекунанд. Агар вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин вақт ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА ғолиб аз рӯйи силсилазарбаҳои 11-метра маълум мегардад.

Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд пагоҳ, 9 декабр, соати 13 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

Финал

9 декабр (панҷшанбе)

Оғоз — соати 13:00

«Истиқлол» — «Хуҷанд»

Довари марказӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)

Ёварон: Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев (ҳарду аз Норак).

Довари эҳтиётӣ: Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Доварони иловагӣ: Насрулло Кабиров (Норак), Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қубодиён).

Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

                                                    АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 8, 2021 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагии худро ба бозии дӯстона бо Амороти Муттаҳидаи Араб идома медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дӯстонаро бо дастаи Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом дод
ФУТБОЛ. Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум баргузор гардид
ФУТБОЛ. 22 март мунтахаби Тоҷикистон ба Абу-Забӣ меравад
Ҷанни Инфантино бори дигар ба вазифаи президенти Федератсияи байналмилалии футбол интихоб гардид
ФУТБОЛ. Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистонро барои бозии дӯстона бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт эълон кард
Дастаи «Ҳосилот» барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 гардид
Футболбозони навраси тоҷик дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади таълимӣ мегузаронанд
ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаро бо 4 имтиёз анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби занонаи то 20-солаи Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи интихобӣ ба Таиланд сафар намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дастаи Уммонро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бозии якуми худро анҷом дод