ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 рақобат мекунанд

Декабрь 9, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 13:00, бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни чемпиони ҳашткаратаи Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе бо барандаи медалҳои нуқраи чемпионати кишвар — дастаи футболи   «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар  варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд оғоз мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар бозии ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душнабе бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 (натиҷаи ду бозӣ – 7:3) ғалаба кард. Голҳоро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров ва Рёта Нома ба нишон расониданд. Дар бозии дигари нимфинал   дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, вале иштирок дар Ҷоми Тоҷикистонро ба анҷом расонд. Дастаи футболи   «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо шарофати пирӯзии калон (4:0) дар бозии аввал ба финал баромад. Қаблан дар финали Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ду маротиба бозӣ кардаанд. Соли 2010  дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардидаанд.

Хотиррасон  мешавем, ки  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар таърихи мавҷудияташ 8 маротиба —солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019, дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд чор маротиба – солҳои 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017  ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд.

Боз ҳам хотиррасон мешавем, ки бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд имрӯз   дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

Финал

9 декабр (панҷшанбе)

Оғоз — соати 13:00

«Истиқлол» — «Хуҷанд»

Довари марказӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)

Ёварон: Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев (ҳарду аз Норак).

Довари эҳтиётӣ: Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Доварони иловагӣ: Насрулло Кабиров (Норак), Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қубодиён).

Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

                                                         АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 9, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид