ХАБАРИ ХУШ! Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар 3 олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 8 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ “Ховар”/. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар 3 олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 8 медал гардиданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Рӯзҳои 6-11 декабр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Олимпиадаи байналмилалии “Озмоишгоҳи таълимии истеъдодҳо-2021” аз фанҳои математика, физика ва химия байни хонандагони синфҳои 9-10 баргузор гардид. Дар ин озмун хонандагон аз давлатҳои ИДМ ва Балтика иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ намуда, Шукрона Охунова -хонандаи синфи 9-и Муассисаи давлатии таълимӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи сеюм ва бо медали биринҷӣ сарфароз гардонида шуд.
Инчунин, рӯзҳои 11-12 декабр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи даставии барномасозии АвруОсиёӣ байни хонандагони синфҳои 10-11 баргузор гардид, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 дастаи иборат аз 6 хонанда ва 1 роҳбари даста иштирок намуда, сазовори 6 ҷойи ифтихорӣ (3 медали биринҷӣ ва 3 медали нуқра) гардиданд. Аз ҷумла, Дилшод Имомов — хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе медали биринҷӣ, Бинёмин Афроимов — хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе медали биринҷӣ, Бежан Гулов — хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе медали биринҷӣ, Шаҳром Аминов — хонандаи синфи 11-и филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ дар шаҳри Ҳисор медали нуқра, Ворис Раҳимов -хонандаи синфи 11-и филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ПВ дар шаҳри Ҳисор медали нуқра, Бобохон Маҳмудов — хонандаи синфи 10-и филиали Литсей-интернати тоҷики-русии Ҳотам ПВ дар шаҳри Ҳисор медали нуқра ба даст оварданд.
Рӯзҳои 12-21 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Олимпиадаи 18-уми байналмилалии илмӣ барои наврасон аз фанҳои физика, химия ва биология “IJSO 2021” тариқи фосилавӣ байни хонандагони синфҳои 5-9 баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар хонандагон муаррифӣ намуданд. Дар Олимпиадаи мазкур 74 давлат, аз ҷумла Олмон, Фаронса, Аргентина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Британияи Кабир, Бразилия, Австралия, Федарстсияи Россия, Ҳиндустон, Чин, Руминия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ғайраҳо иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Ҳусейн — хонандаи синфи 9-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе байни 400 нафар иштирокчӣ аз 74 давлати дунё ҷойи сеюмро ба даст оварда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардонида шуд.
Зайнаб ҲУСЕЙНОВА,
корманди маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ
АКСҲО: Вазорати маориф ва илми ҶТ














Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд






