Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба хона-интернат ва қисми ҳарбии ноҳияи Шаҳристон туҳфаҳои идона тақдим намуд

Декабрь 29, 2021 15:59

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ 28 декабр аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хона-интернати ноҳияи Шаҳристон ва қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шаҳристон туҳфаҳои солинавӣ ва маводи ғизоӣ, аз ҷумла  равған,  орд, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра расонида шуданд.

Иқдоми мазкур рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастии сарбозони қисмҳои низомиро баланд бардошта, аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат  дарак медиҳад.

Инчунин 28 декабр дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и шаҳри Душанбе маводи ғизоӣ бурда, ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

АКС: Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Декабрь 29, 2021 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст