ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Тоҷикистон 33 санади байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро эътироф намудааст

Декабрь 10, 2021 10:56

ДУШАНБЕ, 10.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии  ҳуқуқи инсон дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла  дар  Тоҷикистон  бо баргузории ҳар гуна барномаҳои маърифатию иттилоотӣ ҷашн гирифта мешавад. Оид ба санадҳои муҳим дар самти ҳифз ва гиромидошти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар  санадҳои байналмилалие, ки дар ин самт қабул карда шудаанд, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини раиси Суди шаҳри Душанбе, Раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе Асомуддин БОБОХОНЗОДА ҳамсуҳбат шуд.

Асомуддин Бобохонзода изҳор намуд, ки  «Тоҷикистон 33  санади байналмилалиро, ки вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсонанд, эътироф намудааст. Чуноне ки аз эъломияи Куруши Кабир — аввалин Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният ва маҳсули хирад ва таҷрибаи ниёгони мо бармеояд, миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём ҳамеша барои озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва зиндагии орому осуда талош доштааст. Тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахс муқаддас шуморида шуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

А.Бобохонзода афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дастовардҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон баъд аз соҳибистиқлол гардидан Конститутсияи ҷумҳуриро қабул намуд, ки тибқи моддаи 5-и он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

-Ҷиҳати риояи ҳамин муқаррароти Конститутсия ва уҳдадориҳои Тоҷикистон, ки аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмиллалӣ бармеоянд, давлату ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини волоияти мақоми инсон дар ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида, пайваста онҳоро амалӣ мегардонад. Чунончӣ, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 15 июли соли 2004 татбиқи ҷазо дар шакли ҷазои қатл боздошта шуд. Дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол муайян карда шудааст,-шарҳ дод номбурда.

Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналмилалиро, ки вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсонанд, эътироф кардааст, ки онҳо иборат аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ғайра мебошанд, ки зиёда аз 33 ададро ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи А. Бобохонзода, аз рӯзи соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои ҷумҳурӣ дар асоси меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, қонунҳое, ки то давраи ба даст овардани истиқлолият қабул шуда буданд, аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва имрӯзҳо низ чунин мутобиқгардониҳо идома дорад.

Бо мақсади дар амал татбиқ гардидани талаботи моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди он ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд, давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, моддаи 18-и Конститутсияи мамлакат муқаррар кардааст: «Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад. Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст».

Бо мақсади такмили минбаъдаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат 22 апрели соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён карда буданд, ки «… ба хотири рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судии кишвар Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлияи Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти шароити имрӯзаи кишвар таҳия ва пешниҳод намоянд…».

Маҳз ҳамин дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои таҳия ва қабули Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Аз ин ҷост, ки Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 июни соли 2007 тасдиқ гардида, тибқи он якчанд  қонунҳои миллӣ, аз қабили КМГ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо қабул гардиданд.

Зикр бояд кард, ки Суд мақомоти мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвандаҳои конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ санадҳои судӣ қабул мекунад. Фаъолияти суд оид ба баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои зикргардида бевосита бо принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимият, мустақилияти ҳокимияти судӣ, низоми судӣ ва суд ҳамчун барандаи ин ҳокимият барои амалӣ намудани адолати судӣ, чун вазифаи мустақили иҷтимоии давлат алоқамандӣ дорад.

Имрӯз зарурати воқеии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ моро вазифадор месозад, ки ба хотири рушду такомули давлату ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ояндаи наздик қонунҳои амалкунандаи мо бояд ба меъёрҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мувофиқ гардонида шуда, ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва татбиқи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар кишварамон мусоидат намоянд. Шарти ниҳоят муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дахолати бевосита ва беасосу бедалели мақомоти давлатӣ озод будани шаҳрвандон аст. Аз ин рӯ, ташаккули заминаи қонунии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти марбутаи давлатӣ  мебошад. Маҳз дар партави ҳамин омили муҳим бо Фармони дар боло зикргардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар мамлакат вусъати бесобиқа пайдо кард, ки дар ин раванд бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи Пешвои миллат, ҳокимияти судии кишвар мавқеи пешоҳангро доро буда, баҳри амалигардонии сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Воқеан, пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад. Ин омили муайянкунанда тақозо менамояд, ки пайваста ҳокимияти судӣ таҳким ва густариш ёбад. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.

Асоси ислоҳоти судӣ- ин тақвият бахшидани мақоми суд, ҷараёни демократикунонии мурофиаи судӣ ва дар пояи он куллан тағйир додани сарнавишт ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Ҳамин тариқ, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини мустақилият ва дахлнопазирии судяҳо яке аз ҳадафҳои умдатарин ва сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, борҳо таъкид кардаанд, ки «имрӯз барои ҷомеаи навини тоҷикон суди бо мазмуни аслиаш пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур аст».

Асомуддин Бобохонзода иброз медорад, ки ҳимояи воқеии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ эътироф кардааст, танҳо суде амалӣ карда метавонад, ки неруманд ва дахлнопазир бошад. Феълан, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои пиёда кардани ин иқдом шароити хуб фароҳам сохтааст. Дар айни замон ислоҳот тамоми фаъолияти рӯзмарраи ҳокимияти судиро ҷиҳати татбиқи воқеии соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ (моддӣ ва мурофиавӣ), бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бевосита дар кори ба амал баровардани адолати судӣ робитаи зичи ногусастанӣ доранд, дар бар мегирад. Мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва прокуратура ҳокимияти судиро бо далелҳои амиқи боэътимод таъмин намуда, муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои  ҳукмҳои судиро бечунучаро таъмин  менамоянд. Аз ин рӯ, мақомот ва сохторҳои ҳамчун силсилазанҷири сарбастаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳар яке дар алоҳидагӣ ба ин ислоҳот ҷалб ва дар амалигардонӣ ва идомаи он ширкат намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 то 10 декабр  бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон Ҳафтаи ҳуқуқи инсон таҷлил гардида, дар доираи он барномаҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла, имрӯз, 10 декабр дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон суҳбати «мизи мудаввар» доир мегардад, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти суду прократура ширкат менамоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКСҲО: манбаъҳои боз

Декабрь 10, 2021 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд