ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯ. Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар бораи он ки тибқи Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар 10 соли оянда дар Тоҷикистон чӣ дигаргуниҳои назаррас пешбинӣ шудаанд

Декабрь 7, 2021 13:49

ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи ин Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ,  тайи даҳ соли оянда дар Тоҷикистон зиёда аз 2 маротиба коҳиш додани  сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани фақирии шадид, 3 маротиба ва аз ин зиёд афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти дихилии кишвар, ба таври назаррас афзоиш додани сарфи маблағҳо дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то ба 50% расонидани ҳиссаи синфи миёнаи аҳолӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора имрӯз – дар Рӯзи кормандони мақомоти молия —  Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло ХАЙРЗОДА дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бино ба суханони мавсуф, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сохторҳои марказии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар пешбурди иқтисодиёти кишвар саҳми беандоза дошта, самтҳои асосии сиёсати буҷету андоз ва идоракунии молияи давлатиро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат мутобиқ гардонидааст. Дар ин давра дар низоми молияи мамлакат ислоҳоти куллӣ ба миён омада, сиёсати мустақили молиявӣ роҳандозӣ карда шуд. Шукрулло Хайрзода афзуд, ки соли равон барои мардуми куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик соли пур аз нишот ва хотирмон боқӣ хоҳад монд. Зеро дар ин сол 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нишони олии ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз ватану давлатдорӣ таҷлил гардид.

Бо фараҳмандӣ аз ин иди миллӣ метавон гуфт, ки ин давра барои Тоҷикистон сӣ соли дастовард ва пешравиҳо мебошад. Чунки дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон тавонист ба якчанд  дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гашта, ҳамчун давлати пешрафта ва тараққикарда дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардад. Махсусан, тайи солҳои охир, ки дар ҷаҳони мутамаддин зуҳуроти калони геополитикӣ ва геоиқтисодӣ ва буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, паҳншавии бемории Ковид-19 ба вуҷуд омада, тамоми минтақаҳои оламро фаро гирифтаанд, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нишонаи сиёсати оқилона ва созандаю дурандешонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Аз ин рӯ месазад, ки низоми молияи мамлакатро сутуни давлат зикр намуд, ки он дар таъмини рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги мамлакат саҳми босазо мегузорад. Санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, аз қабили «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Чумҳурии Точикистон», «Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва садҳо дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи раванди молия қабул гардида, дар ин замина ислоҳоти фарогири иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо оғоз ёфта, чиҳати таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ташаккули низоми миллии буҷету андоз ва пулию қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд.

Шукрулло Хайрзода махсус зикр намуд, ки  бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ карда шудааст, ки  бо Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 мутобиқ гардонида шудааст ва самтҳои асосии ислоҳоти соҳаи молияро  мушаххас менамояд. Тибқи ин стратегия, тайи даҳ соли оянда  зиёда аз 2 маротиба коҳиш додани  сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани фақирии шадид, 3 маротиба ва аз ин зиёд афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти дихилии кишвар, баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар радабандиҳои Индекси   рушди инсонии Созмони Милали Муттаҳид ва “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки умумиҷаҳонӣ,  ба таври назаррас афзоиш додани сарфи маблағҳо дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то ба 50% расонидани ҳиссаи синфи миёнаи аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.

Қобили зикр  аст, ки тайи 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодиёти кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 млн сомонии соли 2000 – ум то 27,6 млрд сомонӣ дар соли 2021 афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз 289 сомонӣ то ба 9 ҳазор сомонӣ расида, 30 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа даромади пулии аҳолӣ аз 1 млрд сомонии соли 2000 – ум ба 65,4 млрд сомонӣ дар соли 2020 расида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2019, яъне се маротиба коҳиш ёфт.

Буҷети ҷумҳурӣ хусусияти иҷтимоӣ касб намуда, хамасола зиёда аз 50 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардид. Сиёсати дуруст ва мутавозини молиявӣ имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ дар даҳ соли охир чор маротиба ба даҳгонаи кишвари пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардида, ба ин васила ҷалби сармояи хориҷиро афзоиш диҳад. Танҳо аз соли 2001 то инҷониб барои татбиқи зиёда аз ҳазор лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми 150 млрд сомонӣ ҷалб гардид, ки аз он 59 млрд сомонии он сармояи мустақим мебошад. Дар ин раванд тайёр кардани мутахассисони соҳаи молия, ки дорои донишҳои нави замонавӣ бо доштани малакаи истифодаи босамари технологияҳои муосири техникӣ, забондонӣ ва таҳлилӣ бошанд, дар маркази диққати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода ҳамчунин иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омода кардани мутахассиони соҳаи молия ва иқтисод саҳми босазо дошта, имрӯз дар ин боргоҳи маърифат донишҷӯён аз рӯи 41 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчун маркази тайёр кардани мутахассиони соҳаи молия дар донишгоҳ донишҷӯён дар зинаҳои бакалавр, магистр, доктор аз рӯи ихтисос (PHD) ва аспирантураю докторантура дар шакли рӯзона, фосилавӣ ва маълумоти олии дуюм таҳсил намуда, ба онҳо устодони ботаҷриба, аз қабили аъзо-корреспонденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 20 нафар доктори илм, профессор, 140 номзади илму дотсент дарс мегӯянд. Барои баланд бардоштани сифати таълим дар ДДМИТ зиёда аз ҳазор компютерҳои ба шабакаи Интернет пайваст, даҳҳо доскаҳои электронӣ, синфхонаҳои лингофонӣ мавҷуд буда, донишҷӯён фаъолияти ихтироъкорию инноватсионии худро дар Парки технологию инноватсионӣ, Бизнес-инкубатори таълимӣ, Бонки таълимӣ ва марказҳои таҳқиқотию таълимии донишгоҳ сайқал медиҳанд. Устодони донишгоҳ бо баргузории конфронсу семинарҳо ва мизҳои мудаввар алоқаи назария ва амалияро ба роҳ монда, дар таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи молия фаъолона ширкат меварзанд.

Донишгоҳ барои тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ бо зиёда аз 110 муасисаҳои таълимии илмии хориҷи дур ва наздик ҳамкориро ба роҳ монда, ихтисосҳои молия, менеҷмент ва андоз ва андозбандӣ дорои аккредитатсияи байналмилалӣ мебошанд. Хатмкардагони донишгоҳ дар тамоми соҳаҳои молия ва иқтисоди кишвар фаъолият намуда, дар рушди мамлакат саҳм мегузоранд. Дар оянда низ раёсати донишгоҳ кӯшиш менамояд, ки мутахассиони соҳаи молияро бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат босифат омода намояд ва бо ин васила дар рушди низоми молияи кишвар саҳм гузорад.

Саҳми кормандони молияро ба назар гирифта, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар 7 декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил мешавад.

 Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: манбаъҳои боз

Р.S. Ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар»  бо истифода аз фурсат кормандони соҳаи молияро бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо  саломатӣ ва комёбиҳо таманно дорад.

Декабрь 7, 2021 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд