Кишварҳои ИДМ низоми муштараки алоқаи қувваҳои мусаллаҳро таъсис доданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои ИДМ низоми муштараки алоқаи қувваҳои мусаллаҳро барои табодули иттилоот ва ҳамоҳангсозӣ дар ҷараёни ҳамкорӣ миёни артиши кишварҳои Иттиҳод таъсис доданд, чунин бармеояд аз матни созишномае, ки дар портали иттилооти ҳуқуқӣ ба нашр расидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи ҳуҷҷати мазкур, ки ба муҳлати номуайян баста шудааст, созишнома барои Русия аз 28 ноябри соли 2021 эътибор пайдо карда, дар зимн он барои ҳамроҳшавии ҳама кишварҳои узви ИДМ кушода мемонад. Ба ҷуз аз Федератсияи Русия то ба имрӯз ба он Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дохил шудаанд.
Тахмин меравад, ки вазифаҳои асосии низоми мазкур пешниҳоди хизматрасониҳои мухобиротӣ ва табодули иттилоот миёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои иштирокчии созишнома, ҳамкорӣ дар самти низомӣ, расидан ба мувофиқати низомҳои миллии алоқа ва робитаҳои махсуси кишварҳои иттиҳод шаванд.
Ҳамоҳангсозии ин системаро кумитаи роҳбарони алоқаи неруҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ анҷом медиҳад, ки роҳбари он сардори Сарраёсати алоқаи Қувваҳои Мусаллаҳи ФР хоҳад шуд.
Тибқи ҳуҷҷати мазкур, қисме аз қувваҳою воситаҳои ягонаи низоми алоқа навбатдории омодабоши ҳамешагиро бо нуқтаҳои роҳбарикунандаи кишварҳои узви созишнома таъсис хоҳанд дод.
Дар ин ҳол иштирокчиёни созишнома вазифадор мешаванд, ки иттилооти дар доираи кори низоми мухобиротӣ ба даст овардаро ба кишварҳои сеюм надиҳанд, инчунин маълумоти ба даст овардаро бар зарари штирокчиёни дигари созишномаи мазкур истифода накунанд.
АКС: РИА Новости








ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд






