Кордори Сафорати Чин аз Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҳамкории Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон Кордори Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Чэн Дайвэн аз Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон боздид намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази мазкур.
Инчунин Чэн Дайвэн аз Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дидан намуда, барои устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушод гузаронид.
Директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки соли 2021 барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон таърихӣ ва пурмасъулият мебошад. Чун дар ин сол мо дар баробари таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раёсатро дар ду созмони бонуфузи ҷаҳонӣ бар уҳда доштем, ки яке Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷумлаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонист, ки маҳз барои ҳамкориву ҳамгироӣ ва ҳалли қазияҳои меҳварии давлатҳои ҷануби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқ таъсис ёфтааст.
«Новобаста аз он ки созмони мазкур ҷавон аст, дар 20 соли фаъолият тавонист давраи рушдро бомуваффақият гузашта, дар фазои истиқлоли давлатҳои аъзо имконияти зиёдеро таъмин созад. Ҳамин тавр иштироки фаъоли Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, пайгирии манфиатҳои мамлакат дар доираи он ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои аъзо имкон медиҳад, ки ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ самаранок амалӣ карда шаванд ва рушди иқтисодӣ ва ояндаи дурахшон барои мардуми ватанамон таъмин гардад. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин давлатҳои ҷаҳон аст, ки истиқлолияти давлатии мамлакати моро расман эътироф намуда, бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда буд. Тӯли солҳо ҳарду давлат баъди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ дар соҳаҳои асосии ҳамкории дуҷониба натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Рушди ҳамкории бисёрҷониба ва мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Заминаи қавии шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба асоси боэътимоди таҳкими минбаъдаи мушорикати стратегӣ дар ҳамаи самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистону Чин маҳсуб меёбад»,- афзуд Абдухалил Ғафурзода.
Сипас Кордори Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ба ҳозирин дарси кушод гузаронида, дар доираи он вобаста ба фаъолияти Созмон ва натиҷаҳои Шӯрои навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ибрози андеша намуд. Зикр шуд, ки робитаҳо байни халқҳои тоҷику чин ба умқи қарнҳо расида, ҳанӯз аз даврони қадим халқҳои тоҷику чин миёни якдигар робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ доштанд.
Дар анҷоми ташрифи расмӣ вохӯрии Кордори Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон бо роҳбарияти Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон доир гардида, ҷонибҳо марбут ба дурнамои фаъолияти Марказ, ташаббусҳои он ва ҳамкории Марказ бо Котиботи СҲШ сухан гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 2021 фаъолият менамояд. Дар тӯли 9 моҳи фаъолияти Марказ якчанд ҷамъомадҳои илмӣ-амалӣ ва фарҳангӣ баргузор гардиданд, ки заминаи асосии мустаҳкам гардидани пояҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни давлатҳои аъзои СШҲ мебошанд.
Барои рушди фаъолияти Марказ шарикони хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкории тарафайн барои ҷиҳозонидани утоқҳои корӣ ба Марказ ба маблағи 529 331 сомонӣ таҷҳизоти техникӣ кумак намуд.
АКСҲО: Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон










Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст






