МЕҲАНИ ЛОЛА – МЕҲАНИ ГАНДУМ. Ва ё файзи Тоҷикистон аз фурӯғи ғаллазорон аст

Декабрь 12, 2021 08:44

ДУШАНБЕ, 12.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафар ва боздиди банда аз ноҳияи Данғара ва иштирок дар озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти мамлакат дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» дар мавриди бозтоби  хидматҳои мондагори  Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосиле  дод, ки шеърест бо номи «Данғара».

Ин гуна изҳори назар намуд Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло аз бардоштҳои хеш баъди боздид аз ноҳиия Данғара. Дар зер андешаҳои муаллиф пешниҳоди хонандагон мешаванд.

-Банда ҳанӯз дар замони Шӯравӣ, яъне беш аз 50 сол пеш, вақте ки корномаи ҷавони данғарагӣ Талбак Лолаев, ки дар ҳифзи гандумзори оташгирифта ҷон фидо намуд, худ, бидуни супорише, бо тақозои виҷдон ва амри дил ба Данғара сафар карда, аз гандумзори сӯхта боздид ба амал оварда, бо пирони рӯзгордидаи ин ноҳия ва аз ҷумла, бо модари Талбак, аҳли хонавода – хоҳар ва ҳамсари ҷавони ӯ, ҳамсоягон  суҳбатҳо доштам, ки маҳсулаш манзумае буд бо номи “Бӯйи Ватан” бахшида ба корнамоии Талбак Лолаев, ки ҳамон вақтҳо интишор ёфтаву то ҷойе вирди забонҳо ҳам шуда буд.

Ин манзума чунин мисраъҳо дошт:

Сӯхт Талбак,

Сӯхт,

Месӯзад ҳанӯз

Дар нигоҳи хоҳараш,

Дар чашмҳои модараш.

Сӯхт Талбак,

То ки виҷдонаш насӯзад,

Нони гандум –

Фахри давронаш насӯзад.

Сӯхт Талбак,

Дар дили ҳар як ҷавон

Оташе афрӯхт аз ишқи Ватан,

Сӯхт, то аз оташи бунёди худ

Гармие бахшад ба ҳар як ҷону тан…

Воқеан ин ҷавон қаҳрамонӣ кард. Он гаҳе, ки ин ҷавон дар гармои тамуз савори комбайн дар байни гандумзор кор мекард, баногаҳ дид, ки начандон дуртар аз ӯ гадумзор оташ гирифтаву бераҳмона хӯшаҳои пурбори гандум, ҳосили заҳмати халқ ва ризқи мардумро ба ком мекашад. Талбак беистиҳола аз сари фармони мошин фуруд омад ва пироҳани худро бадар намуда, ба куштани оташи гандумзор шурӯъ намуд. Гарчи тани танҳо буд, то охирин неру ҷоннисорона, бе андешаи он ки худ ҳам сӯхтан дорад, бо оташ мубориза бурд ва оқибат дар ин майдони нобаробар худ низ сӯхтаву ҷон нисор кард…

ДАР АКС: рамзи «Хӯшаи гандум» дар ноҳияи Данғара

Дар он манзума мавзӯъҳои зиёди ҳастиву муқаддасоти зиндагии инсонӣ бардошта шуда буданд. Ин манзума фаротар аз сӯхтору қаҳрамонии Талбак рафта, мавзӯъҳои баланди маънавӣ, аз ҷумла, ватандӯстӣ, ҳифз ва пойдории виҷдону имон, армонҳои дерини инсонӣ ва хусусан мавзӯи муқаддаси нонро, ки халқи мо ба он арҷи бузург мегузоранд, фаро гирифтааст. Аз ҷумла нони гандум дар он чунин ситоиш мешавад:

Ман аз сурхии рӯи нон

Бубинам сурхии рухсори  мардонро.

Ман аз гармии бӯи нон

Кунам эҳсос гармии дилу ҷонро.

Бипурсандам агар: Рӯйи Ватан чист?

Бигӯям: Рӯйи нони модари ман!

Бипурсандам агар: Бӯйи Ватан чист?

Бигӯям бӯйи нони модари ман!

Аз ёдам  суханони модари Талбак намераванд, ки ҳангоми вохӯрӣ бо ӯ, тифлаки навзоди Талбак рӯи дасташ, ашкрезон гуфта буд: “Талбак гунҷишкворӣ ҳелча сохт. Ҳелчааш нимкора монд…” Ҳелча, яъне лона.

ДАР АКС: намоиши гандум дар ноҳияи Данғара

Шояд он ёддоштҳои дерин ва таассуроти нав  аз боздиди имрӯзи Данғара, ин замини муқаддас ва қаҳрамонхези диёрамон, ки барои миллати тоҷик фарзандони наҷибу ҷоннисор, аз ҷумла Пешвои миллатро додааст, сабаби эҷоди як шеъри нав бо номи “Данғара” гардиданд, ки онро дар зер ба хонандагони азиз пешкаш мегардонам. Аммо дар оғоз мехоҳам  пораро аз ҳамон манзумаи “Бӯйи Ватан” чун сарахбор орам:

Онро, ки нонро хӯрдаву по бар намакдон мезанад,

Нон мезанад, нон мезанад!

Онро ки нонро бо ҳақорат бар сари хон мезанад,

Нон мезанад, нон мезанад!

Ношукрро нон мезанад!

Номардро нон мезанад! …

Ҳак кас ки нонро рӯи роҳаш дида, зери по кунад,

Ҳар кас ки нонро зери по монад, ки қад боло кунад,

Нон оқибат кӯраш кунад,

Манҳусу манфураш кунад!

Умедворам  шеъри “Данғара” як дастагуле ба пешгоҳи рӯҳи мардони шарифи ин диёр бошад.

ДАНҒАРА

Данғара, эй меҳани лола!

Данғара, эй меҳани гандум!

Шаб ҳама шаб нур меборад

Бар сарат аз домани анҷум.

Мешавад ҳастӣ мунаввартар

Бо чароғи лолазоронат,

Тоҷикистон файз меёбад

Аз фурӯғи ғаллазоронат.

Дар кафи полезҳои ту

Ризқи мардум бор меорад.

Ҷаҳди бисёре, ки дорад халқ

Ҳосили бисёр меорад.

Пушта-пушта файзи кишту кор,

Пушта-пушта ғарқи эҳсонӣ,

Бар димоғам мерасад бӯе

Аз фаровониву  арзонӣ.

Он гаҳе ки ризқи мардум сӯхт,

Он гаҳе ки сӯхт гандумзор,

Як ҷавомарди ту боло хест,

Аз сари номусу нангу ор.

Талбакат бо амри виҷдон хест,

Бо ҷасорат аз сари ҷон хест.

Ӯ намои нанги мардум  буд,

К-аз сари эҳсону имон хест.

То насӯзад ризқи халқи ту,

Зад бар оташ хешрову сӯхт,

Бо тани сӯзони ӯ он гаҳ

Родмардӣ шӯъаҳо афрӯхт.

Данғара, андар сари марзат

Хӯша-хӯша мешавам изҳор,

Мебарам дасти навозишҳо

Бар сари ҳар хӯшаи пурбор.

Данғара, фарзандҳои ту

Родмардони баимонанд.

Баҳри ҳифзи Меҳану миллат

Доимо андар сари ҷонанд.

Бори дигар сӯхт чун Меҳан

Боз ҳам фарзанди ту бархост.

Маҳди родиву ҷавонмардӣ

Миллати фархундаро ин ҷост.

Боз бар ҳифзи ватан бархост

Родмарди ҷоннисори ту,

Оташи марговаратро кушт,

Боз фарзанди баори ту.

Беҳаросу ҷоннисор омад,

Раҳнамои ҳиммати мо шуд.

Раҳкушои халқи худ гардид,

Пешвои миллати мо шуд.

Бо ҷасоратҳои ӯ  омад

Ваҳдату пирӯзии Меҳан.

Бо қудуми неки ӯ омад

Рӯзиву хушрӯзии Меҳан.

Дарғара, эй меҳани гандум,

Меҳани файзу фару эҳсон!

Меҳани фархундаи Талбак,

Меҳани Эмомалӣ Раҳмон!

16.11.2021.

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ “Ховар”

Декабрь 12, 2021 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд