Муштзани маъруфи тоҷик Соҳиб Усаров дар бокси ҳирфаӣ шикастнопазир боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 21.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ «Shamo Boxing Promotions 66», ки дар маҷмааи варзишии «Криля Советов»-и шаҳри Москваи Русия доир гардид, чаҳор пирӯзӣ ба даст оварданд, хабар доданд аз Федератсияи бокси Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Барои мухлисони бокс рӯйдоди муҳим дар ин мусобиқа баъди чаҳор сол ба ринг ё майдончаи бокс баргаштани муштзани маъруфи тоҷик Соҳиб Усаров мебошад, ки бо лақаби «Golden Tajik» («Тоҷики тиллоӣ») маъруф аст.
Соҳиб Усаров дар вазни 55 кило бо варзишгари узбек Бахит Абдураҳимов рақобат кард. Ӯ дар ин муборизаи тезу тунд ва ҷолиб бо тасмими якдилонаи доварон ба рақибаш дастболо шуд. Зимнан, Соҳиб Усарови 38-сола дар бокси ҳирфаӣ то ҳоло ягон қувваозмоиро набохтааст. Вай дар ҳамаи 23 рақобат, аз ҷумла дар 8-тоаш бо нокаут ғолиб гаштааст.
Соҳиб Усаров 5 декабри соли 1983 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон таваллуд шуда, аз 15-солагӣ ба бокс машғул аст. Вай аз соли 1999 дар шаҳри Москваи Русия умр ба сар мебарад ва феълан мураббии бокс мебошад. Соҳиб Усаров аз соли 2006, яъне аз 22-солагӣ дар сабқати бокси ҳирфаӣ ҳунарнамоӣ мекунад.
Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Соҳиб Усаров ғолиби Ҷоми Чин (2004), чемпиони Русия (2008), чемпиони секаратаи Москва, ғолиби дукаратаи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, ғолиби чоркаратаи Ҷоми Масква, ғолиби дукаратаи мусобиқаи дараҷаи «А»-и бародарон Кличко мебошад.
Ёдовар мешавем, ки мавқеи беҳтарини ӯ дар феҳристи ҷаҳонии ВOXREC мақоми 5-ум дар соли 2012 аст. Соҳиб Усаров 2 октябри соли 2009 рақибаш Александр Фёдоровро шикаст дода, ба унвони чемпиони Аврупо аз рӯи равияи Созмони ҷаҳонии бокс (WBO) даст ёфтааст.
Ин муштзани ҳирфаии тоҷик 4 феврали соли 2012 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба чемпиони Олимпиадаи соли 2004 ва чемпиони ҷаҳон дар соли 2001 Ян Бартелемии кубагӣ пирӯз шуда, соҳиби камарбанди WBO Inter-Continental дар вазни дувуми сабуктарин шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






