НАЗАРИ КОРШИНОСОН: Дар Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бартарӣ дода шудааст

Декабрь 22, 2021 11:21

ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Паёми Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки дар он тамоми самтҳои афзалиятнок ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат баррасӣ гардиданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» таассуроти якчанд нафарро оид ба Паёми имсола манзури хонандагони сомона  мегардонад.

Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода дар суҳбат бо мо гуфт, ки «бешак Паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо, хизматчиёни давлатӣ ба сифати сарчашма ва маърӯзаи конститутсионие ҳастанд, ки мо онро дар фаъолияти солҳои баъдина мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре Пешвои миллат иброз доштанд, ин маориф аст ва ҳатто ишора ба он карданд, ки ин  соҳа муайянкунандаи ояндаи миллат аст ва сармоягузорӣ ба маориф- ин сармоягузорӣ ба рушди инсон мебошад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки соҳаи маориф дар зарфи панҷ соли охир бояд зиёда аз 1000 иншооти соҳавиро сохта, ба истифода диҳад ва инчунин вазифагузорӣ дар самти бознигарии стандартҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилоту самти байналмилалии маориф низ инкишоф ёбад. Ҳамаи ин вазифаҳо аз зумраи он дастурҳое ҳастанд, ки барои рушди соҳаи маориф такони хеле ҷиддӣ мебахшанд”.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода иброз намуд, ки дар Паёми имсола  самтҳои асосии фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ба даст овардани Истиқлолияти комили хеш, ки ҳамагӣ 30 сол дорад, се марҳилаи рушдро аз сар гузаронид.

Даҳсолаи аввал агар барои ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ва аз ҳама муҳим, устувор нигоҳ доштани ҳокимияти конститутсионӣ, барқарор сохтани сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои идораи давлатӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим равона карда шуда бошад, даҳсолаи  дуюм пойдории Истиқлолияти давлатиро чун маҳаки устувории соҳаҳои мухталиф ва ҳамзамон рӯ овардан ба рушду тараққиёти бештар нишон медиҳад. Даҳсолаи сеюм ба роҳ мондани  сиёсати дарҳои кушод, рушди соҳаҳои мухталифи кишвар, дастовардҳои соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи мо мебошад.

“Зимни ироаи  паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамасола  Сарвари давлат ба масъалаи ҷавонон, татбиқи дурусту босифат ва самараноки сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар зарфи 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ ҷавонони мо маҳз дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба пешравиҳо даст ёфтанд. Маҳз ҳамин дастгириҳост, ки зиёда аз 42 ҳазор ҷавонони мо дар хориҷи кишвар таҳсили илм  доранд ва ягона талабе, ки имрӯз аз ҷавонони  болаёқати Ватан карда мешавад, ин омӯхтани илм ва дар замири хеш талқин намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад”,-гуфт Дилноза Аҳмадзода.

Номзади  илми филология, дотсенти ДМТ, роҳбари  маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён иброз дошт, ки   “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ мардуми заҳматпешаи мамлакат ҳамасола бесаброна интизор мешаванд, зеро он ифодагари арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия ва баробарҳуқуқӣ буда, ба ҳайси дастури роҳнамо ва ҳуҷҷати рӯйимизии ҳамаи кормандон баромад мекунад. Ин санади фаъолияти ҳама бахшҳои хоҷагии халқ маҳсуб меёбад ва тибқи нишондодҳои он мо фаъолияти худро ба роҳ мемонем”.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, дар Паёми имсола ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бартарӣ дода шуд. Барои тақвият бахшидани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат чораҳои судманд роҳандозӣ гардида, ба ҳазорон нафар сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохт мегарданд.

Гуфта шуд, ки аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  25 фоиз, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад. Инчунин ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1 июли соли 2022  50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Як рӯйдоди хеле фараҳафзо он аст, ки дар назар дошта мешавад, соли 2022 аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад. Ин афзоиш аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат дарак медиҳад.

Илҳомҷон Ҳамидиён мегӯяд, ки вазъи сайёра дар чанд соли охир боз ҳам мураккаб гардидааст. Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд. Ҷаҳонро буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва рақобатҳои шадиди геополитикӣ фаро гирифтаанд, ки оқибати онҳо ба Тоҷикистон низ таъсири манфӣ мерасонад. Масъалаи таъмини амнияти ҳамсоякишварҳои мо низ аз равзаи дуруст ишора шуд. Дигар масъалаҳои рўзномаи байналмилалӣ ҳам хеле нозукбинона ва олимона аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардиданд.

Ба гумони ғолиб, дар ин раванд моро зарур аст, ки тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар ин замина фаъолияти худро мушаххас роҳандозӣ намоем.

Мардуми шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва эҳсоси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

Дар ин ҷода доштани нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ метавонад миллат ва давлати моро ба қуллаи мурод бирасонад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2021 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Роғун бинои нави филиали «Амонатбонк» ба истифода дода шуд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ карда шуд
Ҳайати Вазорати молияи Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ оид ба нархгузории трансфертӣ иштирок намуд
Дар вилояти Суғд соҳаи саноати кӯҳӣ рушд меёбад
Ҷаласаи навбатии вазирони иқтисод ва савдои давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе баргузор мегардад
Роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ охири сентябр дар Душанбе ҷамъ меоянд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласаи хотимавии Барномаи БОМКА-10 иштирок намуданд
Дар шаҳри Кӯлоб терминали мусофирбарии «Гулбоғ» ба истифода дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути нақби «Хатлон» муваққатан қатъ карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ дар Бишкек муаррифӣ гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар зеристгоҳи барқии «Ленинобод» трансформатори пуриқтидор насб карда шуд
Душанбе мизбони ҷаласаи 37-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии ИДМ мегардад