СҶТ истисно намекунад, ки штамми «омикрон» барои мағлуб кардани пандемия кумак хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) истисно намекунад, ки штамми «омикронӣ»-и коронавирус ба «ваксинаи зинда» мубаддал мешавад ва барои мағлуб кардани пандемия кумак хоҳад кард. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба намояндаи СҶТ дар Русия Мелита Вуйнович иттилоъ додааст.
Вуйнович зикр намуд, ки ҳатто агар пандемияро мағлуб кардан мумкин бошад ҳам, коронавирус ба ҳолати эндемикӣ ворид мешавад, яъне он ҳеҷ гоҳ мисли зуком нест намешавад, аммо ҳолатҳои сироятёбӣ хеле камтар мешаванд ва тавре коршинос иброз дошт, мубориза бурдан бо ин беморӣ мумкин мешавад. Ҳамзамон Вуйнович зикр кард, ки СҶТ аз суръати паҳншавии варианти “омикронӣ”-и коронавирус нигарон аст. “Паҳншавии зиёд дар муддати кӯтоҳ метавонад низоми тандурустиро фалаҷ кунад, агар шумораи гирифторон хеле афзояд. Ва мо аз ин хавф дорем”, — афзуд вай.
Вай инчунин изҳори умедворӣ кард, ки манзараи клиникии беморони гирифтори штамми нав ба мисли беморони гирифтори штамми делта ҷиддӣ нахоҳад буд. Аммо, ин маънои онро надорад, ки одамон гирифтори бемории вазнин нахоҳанд шуд, зикр кард Вуйнович.
Ба гуфтаи вай, бемории “омикронӣ”-ро низ мисли ҳолатҳои қаблӣ дарди сар, табларза ва осеби шуш ҳамроҳӣ мекунанд, ки ин аломатҳоро СҶТ дар тамоми штаммҳо мушоҳида намудааст. Фаҳмидани он ки кӣ гирифтори “омикрон” ва кӣ аз делта сироят ёфтааст, ҳоло аз ҷиҳати клиникӣ қариб ғайриимкон аст. Илова бар ин, дар мавриди гирифторӣ ба “омикрон” ҳамон усулҳо ва доруҳое, ки барои намудҳои қаблӣ буданд, самаранок мебошанд.
АКС: ТАСС