СҶТ истисно намекунад, ки штамми «омикрон» барои мағлуб кардани пандемия кумак хоҳад кард

Декабрь 22, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) истисно намекунад, ки штамми «омикронӣ»-и коронавирус ба «ваксинаи зинда» мубаддал мешавад ва барои мағлуб кардани пандемия кумак хоҳад кард. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба намояндаи СҶТ дар Русия Мелита Вуйнович иттилоъ додааст.

 Вуйнович зикр намуд, ки ҳатто агар пандемияро мағлуб кардан мумкин бошад ҳам, коронавирус ба ҳолати эндемикӣ ворид мешавад, яъне он ҳеҷ гоҳ мисли зуком нест намешавад, аммо ҳолатҳои сироятёбӣ хеле камтар мешаванд ва тавре коршинос иброз дошт, мубориза бурдан бо ин беморӣ мумкин мешавад. Ҳамзамон Вуйнович зикр кард, ки СҶТ аз суръати паҳншавии варианти “омикронӣ”-и коронавирус нигарон аст. “Паҳншавии зиёд дар муддати кӯтоҳ метавонад низоми тандурустиро фалаҷ кунад, агар шумораи гирифторон хеле афзояд. Ва мо аз ин хавф дорем”, — афзуд вай.

Вай инчунин изҳори умедворӣ кард, ки манзараи клиникии беморони гирифтори штамми нав ба мисли беморони гирифтори штамми делта ҷиддӣ нахоҳад буд. Аммо, ин маънои онро надорад, ки одамон гирифтори бемории вазнин нахоҳанд шуд, зикр кард Вуйнович.

Ба гуфтаи вай, бемории “омикронӣ”-ро низ мисли ҳолатҳои қаблӣ дарди сар, табларза ва осеби шуш ҳамроҳӣ мекунанд, ки ин аломатҳоро СҶТ дар тамоми штаммҳо мушоҳида намудааст. Фаҳмидани он ки кӣ гирифтори “омикрон” ва кӣ аз делта сироят ёфтааст, ҳоло аз ҷиҳати клиникӣ қариб ғайриимкон аст. Илова бар ин, дар мавриди гирифторӣ ба “омикрон” ҳамон усулҳо ва доруҳое, ки барои намудҳои қаблӣ буданд, самаранок мебошанд.

АКС: ТАСС

Декабрь 22, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТУТ ДАЪВАТ КАРД, КИ ДАР МУНОСИБАТ БО КОВИД-19 ҲУШЁРӢ АЗ ДАСТ ДОДА НАШАВАД. Ситоди ҷумҳуриявӣ барои пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар Тоҷикистон кадом қарорро қабул намуд?
Ба Тоҷикистон 501 ҳазору 600 воя ваксинаи «AstraZeneca» ворид шуд
Ба Тоҷикистон 198 ҳазору 900 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гашт
92,2 фоизи аҳолии Тоҷикистон бар зидди бемории коронавируси COVID-19 эм гирифтанд
ШУМОРАИ НАВБАТИИ БЮЛЛЕТЕНИ ИДМ ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС НАШР ГАРДИД. Дар бахши вобаста ба Тоҷикистон маводи АМИТ «Ховар» чоп шудааст
Дар Тоҷикистон тадқиқоти миллӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19 гузаронида мешавад
Кишварҳои ИДМ имкони эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди COVID-19-ро меомӯзанд
COVID-19. 89,4 фоиз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ваксинатсия бар зидди коронавирус фаро гирифта шуданд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
COVID-19. Теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 426 миллион нафар гузашт
СҶТ: Анҷоми пандемия метавонад то охири соли 2022 эълон шавад
Ба Тоҷикистон 501 ҳазору 200 воя ваксинаи «АстраЗенека» ворид гардид