Сафири Тоҷикистон бо Вазири кор бо оила ва хизматрасонии иҷтимоии Туркия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири кор бо оила ва хизматрасонии иҷтимоии Туркия Деря Яник 8 декабр дар Анқара мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубодилаи дониш, таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳоли мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ҷонибҳо аҳамияти оиларо дар ҷомеа зикр карданд.
«Дар даврони истиқлол дар Тоҷикистон мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд»,-иброз намуд Ашрафҷон Гулов.
Ҳамсуҳбатон ҷиҳати рушди ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва иҷрои бандҳои мухталифи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва таъсис намудани гурӯҳи кориро ҳамоҳанг намуданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






