Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо ҳайати кормандони рӯзномаи «Овози тоҷик» мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҳайати кормандони рӯзномаи «Овози тоҷик» вохӯрӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд хабар медиҳад.
Дар аввал сармуҳаррири рӯзнома Шерпӯлод Вакилов ташрифи меҳмонро хайрамақдам гуфта, омадани Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистонро ба идораи рӯзнома дар сӣ соли охир аввалин номид.
Ҳамзамон мавсуф дар мавриди робитаҳои дӯстонаи ду кишвар, нақши сарони давлатҳо дар таҳкими дӯстии ду халқ ва масъалаи омода кардани кадрҳои рӯзноманигорӣ барои матбуоти тоҷикии Узбекистон изҳори назар кард.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода аз муносибати дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Узбекистон дар ҳама самтҳо суҳбати муфассал анҷом дод.
Ӯ нақши рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро дар инъикоси густурдаи робитаҳо махсус таъкид карда, талошу заҳматҳои қаҳрамононаи устод Садриддин Айниро, ки яке аз аввалин муассисони рӯзномаи «Овози тоҷик» мебошад, зикр намуд. Гуфта шуд, ки бо «Овози тоҷик» ба ҷуз устод Айнӣ, ки дар катори муассисон ба ҳайати таҳририяи ин рӯзнома дохил буд, дигар адибону олимони маъруфи тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ҳамкорӣ кардаанд. Аввалин муҳаррири «Овози тоҷик» Абдулқайюм Қурбӣ ва котиби масъули он Сайидризо Ализода буданд. Ғайр аз ин дар идораи рӯзнома Нисормуҳаммади Афғон, Фахруддини Роҷӣ, Маъруф Расулӣ, Н. Бектош, Ҳоҷӣ Муин, Қозимзода ва дигар кор мекарданд.
Дар ин замина Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷиҳати тақвият додани муносибатҳо пешниҳод намуд, ки дар оянда байни рӯзномаи «Овози тоҷик» ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.
Зимни вохӯрӣ кормандони нашрия фикру андешаҳои худро нисбат ба робитаҳои неки ду кишвар баён доштанд.
Сафир дар охири вохӯрӣ бастаи китобҳои бадеии адибони тоҷикро ба идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» туҳфа кард.
Донишмандону таърихшиносон «Овози тоҷик»-ро «поягузори матбуоти точик» ном бурдаанд, ки ин беваҷҳ нест. «Овози тоҷик» аввалин нашрияе буд, ки забони худро на форсӣ, балки тоҷикӣ эълон кард. Ғайр аз ин рӯзномаи мазкур журналистону адибони зиёдеро тарбия намуда, ба таъсиси як қатор рӯзномаву маҷаллаҳо асос гузоштааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» 25 августи соли 1924 бори аввал дар шаҳри Самарқанд нашр шудааст. Баъд идораи он ба шаҳри Тошканд кӯчида, тайи 95 сол бо номҳои гуногун нашр гардидааст. Аз соли 1991 рӯзнома номи аввалаи худ — «Овози тоҷик»-ро гирифта, нашрияи муштараки Парлумон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Узбекистон мебошад.
АКСҲО: Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд










Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






