ФУТБОЛ. Нозим Бобоҷонов ва Нуриддин Давронов ба дастаҳои «Ал-Аҳлӣ»-и Баҳрайн ва «Персита»-и Индонезия гузариш намуданд

Декабрь 29, 2021 08:55

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  Нозим Бобоҷонов ба  дастаи «Ал-Аҳлӣ»-и Баҳрайн гузариш намуд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи футболи  «Ал-Аҳлӣ» дар Премйер Лигаи Баҳрайн баромад мекунад. Дастаи футболи  «Ал-Аҳлӣ»-и Баҳрайн баъди 7 даври рақобатҳо дар зинаи охири ҷадвал бо чаҳор имтиёз мавқеъ дорад.

Хотиррасон мешавем, ки Нозим Бобоҷонов  дар ҳайати  дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  барандаи медалҳои нуқраи Лигаи олӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 гардидааст.

Бозингари шинохтаи  30-солаи тоҷик Нуриддин Давронов фаъолияти футболбозии худро дар дастаи футболи  «Персита»-и Индонезия идома медиҳад.

Шартнома миёни футболбоз ва ин даста то 30 майи соли 2022 ба имзо расидааст. Акнун Нуриддин Давронов  шарафи дастаи  футболи  «Персита»-и  Индонезияро ҳимоя мекунад.

Нуриддин Давронов қабл аз ин бо дастаи дигари Индонезия «Борнео»  шартномаи яксола дошт. Қарордоди футболбози тоҷик бо дастаи футболи  «Борнео» якчанд рӯз пеш ба охир расид.

Ёдовар  мешавем, ки  дастаи футболи  «Борнео»-и Индонезия  пас аз бекор кардани шартнома бо Нуриддин Давронов расман бо футболбози ҷопонӣ Кей шартномаи нав ба имзо расонд. Акнун Кей ивазкунандаи Нуриддин  Давронов дар  дастаи футболи  «Борнео»  буда, ҳамчунин таҳти рақами 8 ба майдон мебарояд.

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 29, 2021 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад