Шукрона Охунова дар Олимпиадаи IV байналмилалии Боку сазовори ҷойи 3-юм гардид
ДУШАНБЕ, 14.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 9-уми муассисаи таълими давлатӣ барои хонандагони болаёқат («МТДБХБ»)-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Шукрона Охунова дар Олимпиадаи IV байналмилалии «Озмоишгоҳи таълимии истеъдодҳо-2021», ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд, сазовори ҷойи сеюм гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар бо истинод ба маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҳамчунин дар ин олимпиадаи бонуфуз хонандагони шаҳри Душанбе Фирдавси Фаридун ва Муҳаммадробеи Муҳаммадёр сертификати иштирокчиро сарфароз гардиданд.
Олимпиадаи мазкур аз 6 то 11 декабр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз фанҳои математика, химия ва физика бо иштироки 18 намояндаи давлатҳои ИДМ ва Балтика баргузор гардид. Дар он ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии намояндаи Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Нозимов ширкат дошт.
Ёдовар мешавем, ки соли сипаришуда Шукрона Охунова дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон аз фанни химия иштирок намуда, сазовори ҷои 1 ва медалли тилло гардида буд.
Бояд хотиррасон намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».
Барои амалӣ намудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз ҷониби тамоми сохторҳои Вазорати маорифи мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.
АКС: МИҲД Хуҷанд








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






