Шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон аз 276 миллион нафар гузашт
ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати субҳи 22 декабр шумораи гирифторони сирояти коронавирус дар ҷаҳон ба 276 618 124 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ).
Аз оғози паҳншавии вирус дар ҷаҳон пас аз сирояти COVID-19 5 386 065 нафар фавтидаанд.
Ба қатори кишварҳое, ки дар онҳо беш аз 20 миллион ҳолатҳои сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудаанд, ИМА, Ҳиндустон ва Бразилия дохил мешаванд.
Аз рӯи шумораи сироятшудагон ва фавтидагон ИМА дар ҷои аввал буда, дар он 52 253 848 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Шумораи фавтидагон 830 990 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳиндустон аз рӯи шумораи гирифторон дар ҷои дуюм буда, дар он шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи COVID-19 ба 34 758 481 нафар ва шумораи фавтидагон ба 478 325 нафар расидааст.
Дар ҷои сеюм Бразилия қарор дошта, дар он 22 219 477 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд ва 617 991 нафар фавтидаанд.
Сомонаи «Worldometer», ки ба омори муҳимтарин рӯйдодҳои ҷаҳон тахассус дорад, гузориш медиҳад, ки мизони марг ба 1 миллион нафар аз аҳолии ҷаҳон субҳи чоршанбе 691,0 нафарро ташкил дод. Дар ИМА ба ҳар 1 миллион аҳолӣ 2489 нафар, дар Ҳиндустон — 342 ва дар Бразилия — 2877 нафар фавтидаанд.
АКС: Лента.ру








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






