Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов дар арафаи Соли нави мелодӣ ба сарбозону афсарон ва оилаҳои ниёзманд кумаки моддӣ расонид
ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов барои 800 нафар сарбозону афсарон Вазорати мудофиаи ҶТ ва 1300 нафар сарбозони Маркази таълимии «Пойтахт» — и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурхони идона орост. Инчунин ба 60 оилаи ниёзманди маҳаллаи Восифӣ ва Шоҳмансур-1-и шаҳри Душанбе кумаки моддӣ расонид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Кумакҳои соҳибкори тоҷик аз маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, макарон ва биринҷ иборат буданд.
Бояд тазаккур дод, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Ба гуфти соҳибкор Маҳмудҷон Муродов, ба шарофати сиёсати инсонпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу заҳматҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти он аз кумакҳои давлату ҳукумат ва соҳбкорон бархурдор мегарданд.
Ба андешаи мавсуф, «бо дасти ёрӣ дароз намудан ба беморону барҷомондагон ҳеҷ гоҳ дороии инсон кам намегардад, балки бо дуои хайри онҳо давлат афзун мешавад. Ҳар маблағе, ки соҳибкор ба даст меорад, дар он ҳиссаи ятимону камбизоатон, бепарасторон ва барҷомондагон низ ҳаст. Аз ин рӯ мо бояд ҳамеша дар андешаи кумак расонидан ба мардум бошем».
Ёдовар мешавем, ки таҳти ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳибкор Маҳмудҷон Муродов пайваста дар ободонию созандагӣ, кумак намудан ба ятимону барҷомондагон, беморон ва шахсони ниёзманду имконияташон маҳдуд саҳми муносиб мегузорад.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»


















Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






