Таҳти раёсати Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласаи навбатӣ вазъи ҳолати имрўза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, пурзўр кардани тадбирҳо баҳри гузаронидани ваксина, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва ҳамкории мутақобилаи сохторҳои аъзои Ситод ва дигар масъалаҳои мубрами рўз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози хурӯҷи ин бемории сироятӣ чараҳои таъхирнопазир андеша, дар ин самт ҳамкориро бо кишварҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монд.
Ба андешаи мутахассисони байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори кишварҳое мансуб аст, ки то ҳол аз лиҳози амалкарди COVID-19 муваффақ аст ва заминаи асосии ин дар он аст, ки мардуми тоҷик ба тавсияҳои илмӣ бовар карданд, на ба хурофоту баҳсҳои ғайриилмӣ.
Дар ин росто кишварҳое, ки ба илм ва тавсияи олимони соҳа таваҷҷуҳ накарданд ба мушкилот рӯ ба рӯ гаштанд.
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки то ҳол бемории сироятии COVID-19 бо суръат паҳн гашта, навъҳои гуногуни он ба қайд гирифта мешавад. Омикрон низ яке аз навъҳои бемории сирояти COVID-19 мебошад.
Вобаста ба ин аз ҳар як сокини мамлакат, гузаронидани ваксина, риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад.
Бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки танҳо бо роҳи гузаронидани ваксина ва риояи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб имкони пешгирии бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад.
Вобаста ба ин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷоннок намудани фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, гузаронидани ваксина, андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, ҳамчунин саривақт расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд ҷудо гардидааст қарор қабул намуд.
АКСҲО: АМИТ “Ховар”













Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






