Тавсеаи ҳамкории «Амонатбонк» ва FAO дар мулоқоти Сироҷиддин Икромӣ ва Олег Гучгелдиев баррасӣ гардид

Декабрь 8, 2021 15:12

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо дафтари Созмони озуқаворӣ ва  кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Food and Agriculture Organization дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшад. Дар иртибот ба ин дар Душанбе масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни «Амонатбонк» ва намояндагии дафтари FAO  дар Тоҷикистон  дар мулоқоти Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва роҳбари номояндагии дафтари FAO  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гучгелдиев баррасӣ гардиданд.

Ба АМИТ «Ховар» аз «Амонатбонк»  иттилоъ доданд, ки  Сироҷидин Икромӣ доир ба фаъолияти «Амонатбонк» маълумот дода, гуфт, ки  «Амонатбонк» омодааст барои амалӣ намудани барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар самти дастгирии аҳолии ниёзманд ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ҳамкориро бо дафтари  Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад.

Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои марбут ба пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти саноатӣ, ба роҳ мондани истеҳсолот ва дастгирии соҳибкории хурду миёна дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳуриро баррасӣ намуданд.    Роҳбари дафтари FAO  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гучгелдиев  иброз дошт, ки аз аввали соли 2022 нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, бо ташкили гурӯҳи кории муштарак бо  «Амонатбонк» ҳамкориро ба роҳ мемонанд.

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид муассисаи махсуси СММ буда, бо талошҳои байналмилалӣ барои аз байн бурдани гуруснагӣ мубориза мебарад. Мақсади он, пеш аз ҳама, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии мунтазами аҳолӣ ба ғизои хушсифат мебошад. 194 давлати ҷаҳон аъзои FAО буда, дар 130 кишвари ҷаҳон намояндагиаш фаъолият менамояд.

 АКС: Бонки давлатии амонатгузории ҶТ«Амонатбонк»

Декабрь 8, 2021 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд