Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар тақвият мебахшанд

Декабрь 29, 2021 14:29

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов ва роҳбари навтаъйини Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон Алексей Егоров мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мавриди муҳокима қарор дода, ҳамзамон мушкилоти амнияти минтақавиро дар ин самт баррасӣ карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ изҳор дошта, лоиҳаи Созишнома миёни  Агентӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русияро оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо  барои солҳои 2022 – 2024, ки дар айни замон дар баррасии тарафҳо қарор дорад, муҳокима намуданд.

Ҳамзамон меҳмонон бо фаъолияти сагҳои хизматии Агентӣ ва намоиши машқҳои ҳарбӣ – тактикии кормандони шуъбаи  таъйиноти  махсуси Раёсати сайёри фаврии Агентӣ шинос шуда, дар сӯзонидан ва маҳви маводи нашъаовар иштирок карданд.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Декабрь 29, 2021 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена иштирок дорад
14 МАРТ-ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА. Давоми 32 сол фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ ба таври назаррас тақвият ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад»