«Тоҷикзаминсоз» ба кишоварзон барои зиёд намудани ҳосилнокӣ ёрӣ мерасонад. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии хок бахшида мешавад

Декабрь 5, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 05.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар шахси заминистифодабаранда (хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативӣ ва ғайра) бояд, ки бо мақсади ҳифз намудани хок аз ҳолатҳои номатлуб ва зиёд намудани ҳосилнокӣ ва даромаднокии хоҷагиҳо маълумоти муфид дошта бошад. Зеро, пеш аз он ки дар замин киштукор намояд, сараввал таркиби хоки замин, шӯрии хок, сангнокӣ, гаҷнокӣ, фосфори ҳаракаткунанда, калиёи ивазшаванда, таркиби механикӣ, тавоноии хок ва дигар хусусияти онро санҷида, баъдан мувофиқи маслиҳатҳои мутахассисони ин соҳа киштукор гузаронад, вагарна эҳтимоли таносуби хароҷот нисбат ба даромад зиёд мегардад. Чунин таъкид намуд  директори Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Бобозода дар суҳбат бо  хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба Рӯзи умумиҷаҳонии хок, ки  ҳамасола дар ҷаҳон 5 декабр таҷлил мегардад.

Номбурда афзуд, ки Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» омода аст, ки бо ҳамаи корхонаҳои кишоварзӣ дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва қонунҳои амалкунанда ҳамкорӣ намуда, оид ба муайян намудани падидаҳои хусусияти хок ёрии амалӣ расонад.

«Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани корҳои таҳқиқоти калонмиқёси хокро дар асоси «Дастурамал оид ба таҳқиқоти калонҳаҷми  хоки  заминҳои обӣ ва лалмии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2002 тасдиқ ёфтааст, дар асоси супориши техникӣ ва шартнома бо Кумитаи давлатӣ мегузаронад. Фаъолияти амалии мутахассисони Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» оид ба тадбиқ намудани сиёсати идоракунии хок дар ҷумҳурӣ дар асоси Қонуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» ба роҳ монда шудааст»,-илова кард ӯ.

Хуршед Бобозода хотиррасон намуд, ки мақсади тадқиқоти хок муайян кардани ҳолат ва сифати заминҳо, андешидани тадбирҳо оид ба ҳифз, барқарор ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо мебошад. Пешгӯйӣ кардани суръати паҳншавии шӯрнокии дубораи хокҳо дар заминҳо бо мақсади ошкор намудани тағйирот дар сохт ва сифати он мебошад.

«Тавре ки ҳама медонем, хок қабати болои табиии ҳосилнокии заминро меноманд, ки он аз моддаҳои маъданӣ ва органикӣ, об, ҳаво ва хусусияти дигари барои мавҷудияти набототу ҳайвонот ва фаъолияти инсон зарурӣ иборат мебошад. Агар ба таърихи таҳқиқоти калонҳаҷми хок назар андозем, маълум мегардад, ки он аз солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда, то имрӯз ду давраи он пурра иҷро гардидааст.

Ҳоло даври сеюми он оғоз гардида, идома дорад. Давоми солҳои 1991-2021, яъне дар давраи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ корҳои хокшиносӣ дар 26 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷро гардиданд, ки 41,3 фисади тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Даври сеюми корҳои хокшиносӣ дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷро гардида, дар вилояти Суғд давом дорад»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Мавриди зикр аст, ки  истифодаи дурусти маводи хокшиносӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои ҳавасмандкунии заминистифодабарандагон  оид ба истифодаи оқилонаю самараноки замин, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим мебозад.

Маводи таҳқиқоти калонмиқёси хок барои ба танзим даровардани баҳисобгирии давлатӣ ва баҳои заминҳо, сохтани харитаҳои ҷамъбастии хоки заминҳо мусоидат менамояд.

Маводи таҳқиқоти калонмиқёси хок бояд дорои харитаи хок, дигар иловаҳои картографии зарурӣ ва шарҳнома (очерк) бошанд, ки дар он тавсифи хокҳои ҳамаи заминистифодабарӣ ва тавсияҳо оид ба истифода ва беҳтар гардонидани хокҳо мавҷуд бошад. Ин мавод дар асоси таҳқиқоти махсуси саҳроӣ, ташхисгоҳӣ (лабораторӣ) ва корҳои камералӣ таҳия карда мешаванд.

 АКСҲО: Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз»

Декабрь 5, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд