«Толибон, ки дар Афғонистон қудрати мутлақ доранд, майдони нави амалиёти ҳарбии терроризми ҷаҳонӣ шуда метавонанд»,-чунин меҳисобад профессор Қосимшо Искандаров

Декабрь 11, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 11.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ман итминон дорам, ки барқвор забт шудани Кобул аз ҷониби толибон ба гурӯҳҳои террористӣ дар дигар ҷойҳо илҳом мебахшад, то маросими ҷиҳодии худро тақвият бахшанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, қудратҳои бузург, кишварҳои ҳамсоя маҳз хавф аз он доранд, ки Афғонистон дубора ба паноҳгоҳи амн барои террористони байналмилалӣ табдил наёбад. Бар асоси ин, раҳбарони Амрико чунин мешуморанд, ки пас аз муддате ДОИШ* аз Афғонистон метавонад ба амнияти Иёлоти Муттаҳида таҳдид кунад. Ин гуна ақида дар мавриди «Ал-Қоида»* низ вуҷуд дорад». Дар ин бора зимни мусоҳиба бо Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон, доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров изҳори назар намуд.

Вай зикр намуд, ки толибон беш аз ду сол аст, ки дар ҷараёни мулоқоту музокирот ончиро мегӯянд, ки мехоҳанд аз онҳо бишнаванд. Онҳо ваъда медиҳанд, ки ба қочоқи маводи мухаддир муқовимат мекунанд, сарҳади давлатҳои Осиёи Марказиро вайрон намекунанд ва ғайра. Аммо ҳама медонанд, ки 90% маводи мухаддир дар қаламравҳои таҳти назорати толибон парвариш карда мешуд. Искандаров ҳайрон мешавад: барои чӣ ба он садд нагузоштаанд? Гузашта аз ин, дар гузориши ҳайати Шӯрои Амнияти СММ дар Афғонистон аз 12-15 январи соли 2018 гуфта мешавад, ки соли 2017 “Толибон”* аз тиҷорати маводи мухаддир аз 400 то 500 миллион доллар ба даст овардаанд. Ҳоло тамоми қаламрави Афғонистон, аз ҷумла марзҳои беруна таҳти назорати толибон қарор доранд, аммо қочоқи маводи мухаддир ҳамоно қатъ нашудааст.

Профессор Искандаров мӯътақид аст, ки шояд бо далели набудани имконот ва захираҳо дар муддати кӯтоҳ худи толибон талоши мудохила ба умури кишварҳои дигарро накунанд. Аммо, чунон ки маълум аст, дар Афғонистон бисёр созмонҳои дигари террористӣ ҳастанд, ки ният доранд барои кишварҳои ҳамсоя мушкил эҷод кунанд ва “Толибон”* садди роҳи онҳо нахоҳанд шуд, баръакс онҳоро дастгирӣ мекунанд. Аз тарафи дигар, дар сафи “Толибон”* ба қадри кофӣ ҷангҷӯён ё ҷиҳодиёни мутаассиб мавҷуданд, ки ҷиҳодро барои мусалмон ҳатмӣ медонанд ва ҳеҷ кафолате нест, ки то даме, ки дар Афғонистон режими Аморати исломӣ бо идеологияи ҷиҳодӣ вуҷуд дорад, мамлакатҳо худро  да амн ҳис кунанд. Масъалаи дигар — таъсири идеологист. Искандаров бар ин бовар аст, ки дар Осиёи Марказӣ афроди зиёде ҳастанд, ки аз пирӯзии толибон шодӣ мекунанд. Мавҷудияти чунин режим ба исломгароён, ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ илҳом мебахшад. Агар “Толибон”* ғалаба ба даст овард ва дигар мамлакатҳо бо он ҳисобу ҳамкорй карданд, гурӯҳҳои дигар низ ба ин умед баста метавонанд.

«Дар Афғонистон бисёр созмонҳои террористӣ фаъолият доштаву фаъолият доранд. Инҳо «Ал-Қоида»*, «ҲИУ»*, «ИДВТ»*, «Ансоруллоҳ»*, «Лашкари Тайиба»*, «СИД»*, «ДОИШ-Хуросон»*, «Котибат-ал-Имом Бухорӣ» мебошанд. Ба маълумоти СММ ва ниҳодҳои дигар, ҳеҷ нишона ё далеле дар бораи қатъи равобити толибон бо ин созмонҳо ҳанӯз мавҷуд нест.  Дар набардхои охирин дар Панҷшер террористони хориҷӣ иштирок доштанд.

Искандаров зикр мекунад, ки вай фарқияти миёни онҳоро ба таври дигар тасниф мекунад. Толибон, пеш аз ҳама, афғонҳое ҳастанд, ки  миёни онҳо паштунҳо бартарӣ дошта, даъвои эҳёи Иморати исломӣ дар Афғонистонро доранд. Ва ДОИШ-иён, дурусттараш “ДОИШ- Хуросон”* низ аксаран паштунҳо ҳастанд, аммо ҳадафи онҳо фарохтар — таъсиси хилофати ҷаҳонист. Ин ягона чизест, ки онҳоро ба таври куллӣ фарқ мекунонад. Ва аз лиҳози бераҳмӣ миёни ҳарду фарқият вуҷуд надорад.

Профессор Искандаров бар ин назар аст, ки “Толибон” то ҳол ваъда медиҳанд, ки дар хориҷ аз Афғонистон барои хилофат намеҷанганд. Аммо баробари ба расмият шинохтани СММ ва дигар кишварҳо дар сатҳи дипломатӣ, вақте ки онҳо неру ва дастгирӣ эҳсос кунанд, вазъ метавонад тағйир ёбад. Ва ҳоло, ки толибон дар дохили Афғонистон амал мекунанд, аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисмонӣ дигар халқияту миллатҳоро несту нобуд мекунанд, онҳоеро, ки ба зиндагии мутамаддин, озод ва бидуни бунёдгароӣ одат кардаанд, ба даҳшат меандозанд. Охир барои толибон бе нишон додани зӯроварии доимӣ мамлакатро дар ихтиёр нигоҳ доштан душвор аст ва мо дидем, ки чӣ тавр ҷавонону занон ба муқобили онҳо дар Кобул, Ҳирот ва дигар шаҳрҳо ба намоишҳои эътирозӣ даст заданд. Поймол кардани ҳуқуқи занонро идома хоҳанд дод …

_________________

*Ҳаракати террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ

                                                     АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 11, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Нуробод вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа вохӯрӣ баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Русия вобаста ба ҳодисаи гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии шаҳри Суровикино тадбир меандешанд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар ноҳияи Хуросон бинои Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирӣ ба истифода дода шуд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Прокуратураи генералӣ: «Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат нашаванд»
Намояндагони Тоҷикистон ва UNHCR масъалаи ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
АМАЛИЁТИ «КОРД». Милитсияи Хатлон 768 силоҳи сард дарёфт ва мусодира намуд
Дар даъвати тирамоҳӣ дар шаҳри Ваҳдат 260 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мешавад
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ дар Минск иштирок намуд