Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Дабири кулли САҲА ҳамкориро дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе» баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмид 2 декабр дар Стокҳолм дар ҳошияи иҷлосияи 28-уми Шӯрои вазирони САҲА вохӯрӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои таҳкими робитаҳои Тоҷикистон ва САҲА дар асоси се ченаки созмон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, ташаббусҳои байналмилалии кишвар марбут ба масоили об ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
АКС: ВКХ ҶТ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






