Адиби тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим сазовори ҷоизаи бонуфузи «Нависандаи тиллоии ҷаҳон» гардид
ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Адиби тоҷик, ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, шоир, публитсист ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим сазовори ҷоизаи бонуфузи «Нависандаи тиллоии ҷаҳон» гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷоизаи мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии даҳ кишвари ҷаҳон- ИМА, Олмон, Англия, Франсия, Италия, Испания, Украина, Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон таъсис дода шудааст.
Барои сазовор гардидан ба ҷоизаи мазкур он адибони боистеъдод, номдор ва муваффақи ҷаҳон эътироф карда мешаванд, ки дар осори онҳо инсонпарварӣ, сулҳу субот, накӯкорӣ, адолату муҳаббат – арзишҳои умумибашарие, ки халқҳоро муттаҳид месозанд, таҷассум ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз осори Абдуқаҳҳори Қосим ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, полякӣ, франсузӣ, немисӣ, украинӣ, сербӣ, ҳиндӣ, банголӣ, непалӣ, румӣ, португалӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар нашрияҳои Русия, Америка, Непал, Чин, Руминия, Полша, Бангола, Туркия, Ҳиндустон, Узбекистон ва дигар давлатҳои дунё рӯи чоп омада, манзури хонандагони сершумор гардидаанд.
АКС аз Вазорати фарҳанги ҶТ








Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад






