Андешаҳои фарҳангшиносон, фалаксароён ва устодони ҳунар роҷеъ ба ҷаҳонӣ гаштани фалак дар барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и Радиои «ҒМ Ховар»
ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таваҷҷуҳ ба мероси фарҳангии халқ, махсусан мероси ниёгон аз ҷумлаи муқаддасоте маҳсуб мешавад, ки барои ҳар миллат ва ҷомеа арзишманду шоиста аст. Жанри адабии фалак аз зумраи ин муқаддасот ва арзиши милливу фарҳанги маънавии тоҷикон аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии давлат мақоми шоиста касб намуду соли 2021 ҷаҳонӣ гашт. Дар ин замина донишмандон зикр мекунанд, ки ҳунармандон ва пажӯҳишгаронро зарур аст барои рушди минбаъдаи жанри фалак бештар таҳқиқоти густурда анҷом диҳанду шаклҳои нави дигари фалакро пайдо намоянд, то дар оянда мусиқии суннатии миллати тоҷик — фалак дар арсаи байналмилалӣ васеътар муаррифӣ гардад.
Фалак дар ҳаёти мардуми тоҷик чӣ аҳамият дорад? Ҷаҳонӣ шудани мусиқии суннатии миллати тоҷик- фалак ҷиҳати муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чӣ нақш гузошта метавонад? Барои омӯзиши паҳлуҳои ноомӯхтаи ин жанри мусиқии қадимӣ кадом корҳоро бояд ба анҷом расонид? Таваҷҷуҳи ҷавонони санъатдӯст ба ин жанр чӣ гуна аст?
Баррасии ин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯи мазкур дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» имрӯз, соати 17:30 ва (такроран) 21:30 аз «Радиои Ховар».
Муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави Наврӯз.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






