АЗ ҲАМА БЕШТАР МОЛҲОИ ТОҶИКИСТОНРО ШВЕЙТСАРИЯ МЕХАРАД. 5 кишвари асосии шарики содиротии Тоҷикистон номбар шуданд
ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 39,2%-и ҳаҷми умумии содироти мол аз Тоҷикистон ба Швейтсария рост меояд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Шарикони асосии содиротии Тоҷикистон дар соли 2021 Швейтсария, Қазоқистон, Туркия, Чин ва Узбекистон гардиданд.
Ба Швейтсария 39,2% аз ҳаҷми умумии содирот рост меояд. Ин нишондиҳанда бо Қазоқистон 16,5%-ро ташкил медиҳад. Ба ин кишварҳо асосан металлҳои қиматбаҳо, молҳои металлургияи ранга – алюминийи аввалия, нахи пахта ва ғайра содирот карда мешаванд.
Ҳаҷми мубодилаи мол бо Қазоқистон дар давраи ҳисоботӣ беш аз 1млрд. 39,1 млн долларро ташкил медиҳад.
Афзоиши назарраси содирот нисбат ба воридот дар амалиёти тиҷоратӣ бо Швейтсария ба қайд гирифта шуда, 688,8 миллион долларро ташкил дод. Ҳаҷми табодули мол бо ин кишвар дар ин давра беш аз $726,4 миллионро фаро мегирад, ки зиёда аз 707,6 млн доллари он ба содироти молҳои Тоҷикистон рост меояд.
Қобили зикр аст, ки вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, роҳбарони ширкатҳои Швейтсария, ки 6 ноябри соли 2019 дар Сюрих дар доираи сафари расмии Сарвари давлат баргузор гардида буд, ба рушди содироти мол аз Тоҷикистон ба Швейтсария таъсири амиқ расонид. Дар ин мулоқот Сарвари давлат суханронии пурмазмуну муфассал намуд, самтҳои ҷолиби диққати иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардида, чанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳаҷми умумии мубодилаи мол бо кишварҳои хориҷӣ дар сархати аввал Русия қарор дорад. Табодули мол миёни Тоҷикистон ва ФР дар моҳҳои январ-ноябри соли сипаригардида 1 млрд 132,3 млн-ро ташкил дод.
Ба номгӯи молҳои асосии содиротӣ ба хориҷа инҳо дохил мешаванд: алюминийи аввалия, нахи пахта, металлҳои қиматбаҳо ва меваҳои хушк.
Воридоти мол ба Тоҷикистон аз Русия – 28,8% аз ҳаҷми умумии воридот, Қазоқистон – 20% ва Чин – 16,9% сурат гирифтааст.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 маблағи содиротии мол ба беш аз $1,8 млрд ва воридот ба зиёда аз $3,7 млрд расид.
ДАР АКС: лаҳзаи вохӯрии Президенти ҶТ бо доираҳои соҳибкории Швейтсария 6 ноябри соли 2019 дар шаҳри Сюрих. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар».








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






