Қазоқистон раёсатро дар ИДМ қабул намуд

Январь 5, 2022 12:12

ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 январи соли 2022 Қазоқистон раёсат дар Иттиҳоди давлатҳои мустақилро аз Беларус қабул намуд, иттилоъ медиҳад АИБ «Казинформ».

Тавре қаблан хабар дода будем, моҳи ноябри соли 2021 дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд. Дар ҷамъбасти ҷаласа Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви ИДМ оид ба амният ва ҳифзи ҳуқуқ дар объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ қабул гардид. Маҷмӯи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба татбиқи барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳои узви ИДМ то давраи соли 2030 тасдиқ гардид. Нақшаи чорабинӣ вобаста ба баргузор   намудани Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар ИДМ дар соли 2022,  Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳан дар «фазои 1520» то соли 2030 муайян карда шуд.

Моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Нур-Султон нишасти навбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир мегардад.

Нишасти 60-уми Шӯрои энергетикии ИДМ низ соли 2022 дар Қазоқистон доир карда мешавад.

28 декабри соли 2021 зимни вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург сарони кишварҳои ИДМ натиҷаи ҳамкорӣ дар соли 2021-ро ҷамъбаст намуда, нақшаҳои умумии таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судмандро барои ояндаи наздик баррасӣ намуданд, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: аз бойгонӣ

Январь 5, 2022 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд