Ба 136 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи Фархор қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба 136 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутан қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки 6 июни соли 2019 бо сабаби боридани борони шиддатнок ва омадани сел дар деҳаи Сурхоб 212 хоҷагӣ зарар дида буд.
Моҳи ноябри соли 2020 бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар канори деҳа, дар ҷойи бехавфу хатар барои хоҷагиҳое, ки хонаҳои истиқоматиашон пурра ва қисман зарар дида буданд, 25 хонаи истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ сохта, ба сокинони аз ин офат зарардида ва ниёзмандон ткҳфа карда шуданд.
АКС: Маркази матбуоти МИҲД-и Фархор








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






