Ба наҷотдиҳандагони Суғд роҳу усулҳои ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ омӯзонида шуданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 нафар муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истаравшан дар курси такмили ихтисоси «Ҳайати роҳбарикунанда ва масъулини вазоратҳо, идораҳо, мактабҳои миёна ва олӣ дар мудофиаи гражданӣ», ки 25-26 январ дар вилояти Суғд баргузор гардид, иштирок намуданд, хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар».
Давраи омӯзишии мазкур бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, инчунин Нақшаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Дар ҷараёни машғулият иштирокчиён бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодае, ки соли гузашта дар вилоят ба амал омадаанд, роҳҳо ва усулҳои ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи табиию техногенӣ ва баргузории “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” шинос карда шуданд.
АКС: КҲФ ва МГ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






