Ба сокинони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Панҷакент моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон фаҳмонида шуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат бо таҳлили вазъи соҳаҳои гуногун барои рушди бештари иқтисодиёт, саноату кишоварзӣ, маорифу фарҳанг, тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодҳои судманд ба миён гузоштанд. Бо назардошти ин моро зарур аст, ки ба истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир карда, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз тамоми имкониятҳо истифода барем.
Чунин зикр намуд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов, №16 Файзулло Қосимӣ зимни мулоқот бо сокинони касбу кори гуногуни Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов.
Тавре корманди хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, имрӯзҳо дар асоси ҷадвали вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон мулоқоти вакилон бо сокинони шаҳру навоҳии вилоят ҷараён дорад.
Ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон Мавлуда Мирзозода бо аҳолӣ доир шуд.
Зимни суҳбат мавсуф афзуд, ки Паёми Пешвои миллат дар баробари аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомӯзи Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу инсоф, таълиму тарбия, илму маориф, ватану ватанпарастӣ, саховату эҳсон ҳар фарди ватандӯстро водор мекунанд, ки барои пешрафту шукуфоии бештари мамлакат ҳисса гузорад.
Чунин вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар шаҳри Панҷакент низ доир гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода бобати санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми қонунбарори мамлакат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, махсусан дар соҳаҳои илму маориф бо ҳайати кормандону омӯзгорони шуъбаи маорифи шаҳр суҳбат намуд. Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад.
Дар ҷараёни мулоқот узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода иброз намуд, ки дар Паёми имсола таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф бештар буда, ҷавҳари сиёсати мамлакатро рушди маориф ташкил медиҳад.
Тараққиёти кишвар аз устувории пояи маориф вобастагӣ дошта, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси содиқ ба Ватан ва қавӣ намудани неруи мудофиавии мамлакат мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд










Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






