Ба сокинони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Панҷакент моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон фаҳмонида шуд

Январь 6, 2022 13:22

ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон  зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат   бо таҳлили вазъи соҳаҳои гуногун барои рушди бештари иқтисодиёт, саноату кишоварзӣ, маорифу фарҳанг, тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодҳои судманд ба миён гузоштанд. Бо назардошти ин моро зарур аст, ки ба истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир карда, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз тамоми имкониятҳо истифода барем.

Чунин зикр намуд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов, №16 Файзулло Қосимӣ зимни мулоқот бо сокинони касбу кори гуногуни Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи  Ҷаббор Расулов.

Тавре корманди хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, имрӯзҳо дар асоси ҷадвали вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон мулоқоти вакилон бо сокинони шаҳру навоҳии вилоят ҷараён дорад.

Ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон Мавлуда Мирзозода бо аҳолӣ доир шуд.

Зимни суҳбат мавсуф афзуд, ки Паёми Пешвои миллат дар баробари аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомӯзи Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу инсоф, таълиму тарбия, илму маориф, ватану ватанпарастӣ, саховату эҳсон ҳар фарди ватандӯстро водор мекунанд, ки барои пешрафту шукуфоии бештари мамлакат ҳисса гузорад.

Чунин вохӯрӣ бо интихобкунандагон  дар шаҳри Панҷакент низ доир гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода бобати санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми қонунбарори мамлакат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, махсусан дар соҳаҳои илму маориф бо ҳайати кормандону омӯзгорони шуъбаи маорифи шаҳр суҳбат намуд. Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дар ҷараёни мулоқот узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода иброз намуд, ки дар Паёми имсола таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф бештар буда, ҷавҳари сиёсати мамлакатро рушди маориф ташкил медиҳад.

Тараққиёти кишвар аз устувории пояи маориф вобастагӣ дошта, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси содиқ ба Ватан ва қавӣ намудани неруи мудофиавии мамлакат мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Январь 6, 2022 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид