Бо мақсади бартараф намудани садамаҳо миёни ронандаҳои таксӣ корҳои таблиғотии муштарак роҳандозӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф намудани сабабҳои ба садама алоқаманд ва беҳтар намудани бехатарии ҳаракат дар роҳ, махсусан ҳангоми истифода аз роҳҳои ағба ва кӯҳӣ миёни ронандагони таксиҳои шахсӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳангоми гузаронидани ин корҳо бо истифода аз мошини махсуси таблиғотӣ дар истгоҳҳои таксӣ, ки ба шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Рашт, Лахш, Кӯлоб ҳаракат мекунанд, ба ронандагону мусофирон дар бораи ҳолати роҳҳои кӯҳӣ дар фасли зимистон ва садамаҳои нақлиётӣ наворҳо намоиш дода шуданд. Кормандони БДА оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва меъёри суръат тавсияҳо доданд.
Зимни суҳбатҳо кормандони КҲФ ва МГ бори дигар хотиррасон карданд, ки ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои тармахезу сангрез ҳушёр бошанд ва дар ҳолати рух додани ҳар гуна ҳолати фавқулода зуд ба кумак даъват кунанд. Ҳамзамон ба онҳо рақамҳои телефони воҳидҳои наҷоту имдодро доданд.
Ба ронандагон дар мавриди бемориҳои сироятӣ ва бахусус COVID-19, ки ҳоло ба сурати ҳамагир вуҷуд дорад ва ҳар лаҳза метавонад ба одамон сироят кунад, видеороликҳо намоиш дода шуданд. Дар ин наворҳо дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ва риояи низоми беҳдошт ба хотири пешгирӣ аз сироят ба беморӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ сухан мерафт.
АКС: КҲФ ва МГ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






