Дар даҳҳо шаҳрҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон неруи барқ қатъ гардид
ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 январ бар асари садама дар системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақрибан соати 11:00 ба вақти Душанбе дар чанд минтақаи се кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон неруи барқ қатъ гардид. Садама дар қаламрави Қазоқистон рух додааст.
Тақрибан соати 09:00 ба вақти Москва дар ҷануби Қазоқистон, дар аксар минтақаҳои Қирғизистон ва дар шарқи Узбекистон интиқоли неруи барқ қатъ шуд. Аз ҷумла, норасоии неруи барқ дар пойтахтҳои Қирғизистон ва Узбекистон — Бишкек ва Тошканд, инчунин дар шаҳри калонтарини Қазоқистон — Алмаато ба вуҷуд омад.
Бино ба иттилои ширкати қазоқистонии ҶСК «Кегок», дар хати транзитӣ бар асари номутавозунӣ дар шабака нуқсони техникӣ ба миён омадааст.
Дар аксар минтақаҳои Бишкек, пурра дар дуввумин шаҳри бузурги Қирғизистон — Ӯш ва чанд шаҳрҳои дигар комилан барқ хомӯш шудааст. Дар пойтахти Қирғизистон шабакаи гармидиҳӣ аз фаъолият боз монда, дар баъзе маҳаллаҳо интиқоли об низ қатъ гардидааст. Инчунин, амалиётҳои бонкӣ ва пардохтҳои нақдӣ низ имконнопазир шудаанд.
Дар Узбекистон, дар Тошканд, дар водии Фарғона, дар панҷ вилояти шарқии ин кишвар интиқоли неруи барқ қатъ шудааст. Мақомот аз қатъ шудани шабакаҳои гармидиҳӣ, обтаъминкунӣ ва канализатсия ҳушдор додаанд. Аксари фурудгоҳҳои кишвар баста шуда, ҳаракати метро мутаваққиф шудааст.
Бисьёр иншооти дорои аҳамияти муҳим, аз қабили Фурудгоҳи байналмилалии Алмаато ва метрои ин шаҳр, инчунин фурудгоҳи Бишкек аз фаъолият мондаанд. Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар дод, ки ҳамаи бемористонҳо ба манбаи барқи захиравӣ гузаштанд.
Ширкатҳои энергетикии Қирғизистон ба барқарорсозии марҳилавии интиқоли неруи барқ шурӯъ намуда, аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баромаданд.
Системаи энергетикии Узбекистон низ аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо шуда, интиқоли неруи барқро таъмин намуда истодааст.
Дар Қазоқистон низ баҳри таъмини неруи барқ чораҳои амалӣ андешида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи низоми энергетикӣ солҳои 1980 оғоз шуда, ниҳоят дар соли 1997 амалӣ гардид.
Дар аввал низоми энергетикӣ на танҳо ҷануби Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон, балки Туркманистон ва Тоҷикистонро ҳам дарбар мегирифт. Соли 2003 Туркманистон имкони таъмини мустақили худ бо неруи барқро эълон кард ва аз лоиҳа хориҷ шуд. Тоҷикистон соли 2009 аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баромад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






