Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон курсҳои омӯзишии забонҳои русӣ ва англисӣ оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. 20 январ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода курсҳои омӯзишӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Истифодати технологияи нави муосир (тахтаҳои электронӣ, видиопроектор ва дигар таҷҳизоти техникӣ)», «Барномаи компютерии адворнависӣ Сибелиус», «Забони русӣ» ва «Забони англисӣ» бо иштироки кормандон ва омӯзгорони донишкада оғоз гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкадаи мазкур.
Тавре декани факултети такмили ихтисоси кормандони фарҳанг, санъат ва табъу нашри ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Султонмурод Ёров изҳор дошт, ин курсҳои омӯзишӣ вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ шудаанд.
Курсҳои омӯзишӣ даҳ рӯз идома ёфта, дар баланд бардоштани маҳорати касбӣ, рушди фарҳанги техникӣ ва такмил додани донишу истифода аз технологияи муосири таълим, усулҳои нави инноватсионии таълим, савияи дониши техникии мутахассисон ва устодони донишкада мусоидат менамоянд.
АКСҲО аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода










Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






