Дар Душанбе фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҲХДТ натиҷагирӣ карда шуд

Январь 19, 2022 08:41

ДУШАНБЕ, 19.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона ва истироҳати калонсолон бо харҷи умумии 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд, ки ин туҳфаи арзандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба сокинони сарбаланди пойтахт мебошад. Ин нукта 18 январ зимни баргузории  ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2021 ва вазифаҳо барои шашмоҳаи якуми соли 2022 баён гардид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар он муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт, фаъолои ҳизб ва як гурӯҳ вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Зимни ҷаласа зикр гардид, ки ҳизбиёни пойтахт дар ин давра дар якҷоягӣ бо вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ шанбегиву ҳашарҳои дастҷамъӣ доир намуданд, ки дар онҳо 16337 ниҳолҳои ороишиву сояафкан шинонида шуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1118 адад зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки дар ин давра аз ҷониби сохторҳои ҳизбии пойтахт 11 616 мулоқоту суҳбат ва соати сиёсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, конунҳои миллӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ гузаронида шуда, ба 3994 нафар аз оилаҳои ниёзманд маводи хӯрокворӣ кумак  расониданд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 491 оила зиёд аст.

Ҳамзамон ба қабулгоҳҳои ҷамъиятии назди кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳриву ноҳиявии ҳизб 533 нафар сокини шаҳри Душанбе ба таври хаттиву шифоҳӣ муроҷиат намуданд, ки аз ин талаботи 467 нафар шаҳрванд дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қонеъ гардонида шуд.

Дар ин давра бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус ва фаро гирифтани сохторҳои ҳизбии пойтахт ва кормандони соҳаи тандурустии пойтахт гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, 500 суҳбату вохӯрӣ бо фарогирии 29322 сокинону меҳмонони пойтахт доир кард шуданд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар доираи онҳо масъулин 18915 ниқоб, 13630 варақаи иттилоотӣ, 395 маводи антисептикӣ ва 400 дастпӯшро ба сокинону меҳмонони пойтахт ба таври ройгон тақсим карданд.

Дар ин марҳила ҷиҳати татбиқи сиёсати кор бо ҷавонон ва таҳкими оила 2179 мулоқоту суҳбат ва маҳфили маърифативу иттилоотӣ доир карда шуд, ки дар муқоиса ба давраи соли гузашта 163 чорабинӣ зиёд мебошад.

Инчунин миёни кумитаву ташкилоти ҳизбии пойтахт озмуни «Кумитаи беҳтарин», «Ташкилоти беҳтарин», «Вакили беҳтарин», «Хабарнигори беҳтарин» дар ду давр ташкил карда шуд, ки ғолибони он бо диплому ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар маҷлис муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода оид ба дастоварду комёбӣ ва камбудиву норасоиҳои сохторҳои ҳизбии пойтахт дар соли 2021 сухан гуфта, ҷиҳати таҳкиму тақвияти фаъолият дар назди кумитаву ташкулоти ибтидоии ҳизбӣ вазифаҳои мушаххас гузаштанд.

Дар маҷлис вобаста ба тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 қарори дахлдор қабул гардид.

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Январь 19, 2022 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд
Дар Женева масъалаи кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад
Дар Женева ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид