Дар Душанбе масъалаи натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро баррасӣ карданд

Январь 4, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 04.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҷамъомади таҳлилӣ баргузор гардида, дар он маъракаи даъвати баҳориву тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Дар ҳамоиш ҳамзамон вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ, омӯзиши шумораи захираҳои сафарбарӣ, муайян ва мушаххас намудани теъдоди дақиқи онҳо ҳангоми баргузории машғулияти таълимӣ, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиёни он, сафарбарии техникаҳои хоҷагии халқ, дар пойгоҳи тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ муҷаҳҳаз намудани нуқтаҳои идоракунӣ, тақвият бахшидани мудофиаи ҳудудӣ, тибқи талаботи ойинномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда ташкили пайвастаи дарсҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти комиссияҳои давлатиро дар самти баргузории чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбиро ҳамаҷониба таҳлилу натиҷагирӣ намуданд.

Роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамзамон вобаста ба масъалаҳои беҳтару сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ибрози назар карданд. Дар ин замина таъкид карда шуд, ки масъулини дахлдор дар навбати аввал тамоми камбудиҳои ҷойдоштаро пурра бартараф намуда, ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа бояд боз ҳам тақвият бахшанд. Илова бар ин, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори шаҳриву ноҳияҳо ба масоили омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо, дуруст муайян кардани маҳали хизматии шаҳрвандони оиладор, ташкили корҳои сафарбарӣ, тайёрии ҳамаҷонибаи комиссариатҳои ҳарбӣ ба соли нави омӯзиш, сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намудан дар самти иҷрои нақшаи даъвати навбатӣ диққати ҷиддӣ равона карда шавад.

Дар охир бо фармоиши роҳбарияти Вазорати мудофиа комиссарони ҳарбие, ки дар даъвати баҳориву тирамоҳии соли 2021 нақшаи  пешбинигардидаро дар доираи талабот ва дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонидаанд, бо ифтихорномаву раҳматнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон масъулини комиссариатҳои ҳарбие, ки зимни ташкили ин маъракаи муҳими сиёсӣ баръакс ба саҳлангорӣ роҳ додаву хунукназарӣ зоҳир намуданд, ба ҷазоҳои интизомӣ кашида шуданд.

АКС аз Вазорати мудофиаи ҶТ

Январь 4, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд