Дар Кӯлоб бахшида ба ҷашни Сада кишоварзони фаъол қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар шаҳри Кӯлоб ҷашни Садаро бо тантана таҷлил намуданд. Ҷашни бостонии Сада аз намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби бонувони чирадаст омода шудаанд, инчунин дастовардҳои кишоварзии ҷамоату деҳоти шаҳр, устодону донишҷӯёни муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз бахши матбуоти мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Намоиши дастовардҳои кишоварзон бозгӯи он буд, ки деҳқонони шаҳру ноҳияи Кӯлоб соли 2021 ҳосили фаровон бардошта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ аз мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд.
Бахшида ба ҷашни Сада як гурӯҳ кормандону мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзӣ, ҷамоату деҳот, масъулин ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.
Дар соли сипаришуда заҳматкашони шаҳри Кӯлоб ба андозаи 663,5 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли пеш 16,4 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз шаҳр зиёда аз ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла, 955 тонна сабзавот, 81 тонна меваҷот ва 21 тонна дигар намуди маҳсулот ба хориҷи мамлакат содирот шудааст.
Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода сокинони шаҳрро ба муносибати ҷашни Сада табрик гуфта, барояшон рӯзгори хушу пурбаракат таманно намуд ва барои дар сатҳи баланд омода намудани намоишгоҳ ба онҳо изҳори сипос намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки «бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар мардуми Тоҷикистон аз ҷумла, сокинони Хатлонзамин ин ҷашни бостониро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии хеш дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд».
Зикр гардид, ки ба муносибати иди Сада, ки ифодагари ҷовидонагии Хуршед, рамзи бедоршавии табиат, намоди оташу гармӣ, нур ва некӣ, оғози кишту кор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорад, барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ярмаркаи фурӯши гулу ниҳолҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин чорабиниҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иброз дошт, ки мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб дар қатори дигар сокинони сарбаланди кишвар, ки табиатан ба некиву покӣ ва гармиву рӯшноӣ майл доранд, ҷашни Садаро бо хушиву хурсандӣ истиқбол гирифта, чун ниёгони хушсалиқаамон аз имрӯз шурӯъ карда, ба мавсими кишту кори баҳорӣ омодагӣ мегиранд.
Барномаи идона бо ҳунарнамоии аҳли фарҳангу санъати шаҳр ва вилояти Хатлон ба охир расид.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб













Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






