Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боғу токзори нав бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 08.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади васеъ намудани майдони боғу токзор дар 5 гектар майдони Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боғи интенсивии зардолу ва шафтолу бунёд хоҳад шуд, иттилоъ дод котиби матбуоти Раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов.
Зимни боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маълумот дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти мамлакат имсол бунёди боғҳо роҳандозӣ гардидааст.
Дар ин муассиса, ки соли 2008 таъсис ёфта, беш аз 630 гектар масоҳат дорад, асосан боғ ташкил шудааст. Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва риояи пурраи маданияти истифодаи замин парвариши зардолу, шафтолу, себ, гелос, олу, ток ва дигар навъи дарахтони мевадиҳандаро ба роҳ мондаанд. Бо истифода аз таҷрибаҳои мавҷуда боз 5 гектар боғҳои нави интенсивӣ ташкил карда мешавад, ки бешак, барои зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон дар Корхонаи давлатии коммуналии “Палос”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 50 гектар токзори нав бунёд гардида, парвариши навъҳои гуногуни ангур ба роҳ монда мешавад. Айни замон корҳои омодагӣ барои бунёди токзор идома дошта, ин иқдом низ ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва ташкили боғу токзори нав роҳандозӣ гардида истодааст.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои омодагӣ таъкид кард, ки масъулин бояд баҳри иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси олии мамлакат зикр шудаанд, аз тамоми имконият истифода баранд.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд