«БРЕНДИ СОЛ-2019». Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АКИА АВЕСТО» соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид

Декабрь 27, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 27.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АКИА АВЕСТО АВТОМАТИВ ИНДАСТРИ» зери бренди «АКИА АВЕСТО» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол 2019» соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид. Ҷоиза дар маросими тантанавӣ ба директори генералии ҶДММ «АКИА АВЕСТО АВТОМАТИВ ИНДАСТРИ» Асрор Мирзоев тақдим карда шуд.

Тавре  аз ҷамъияти мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, «АКИА АВЕСТО» фаъолияти худро моҳи январи соли 2018 оғоз намуд. Ҷамъият ҳамчун ширкати муштарак аз ҷониби ширкати ватании ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати туркии «UlasimIс Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi» таъсис дода шуда, баҳри расидан ба ҳадафи миллии эълонгардида дар самти саноатикунонии мамлакат роҳандозӣ шудааст.

Фаъолияти ширкати муштарак дар асоси «Созишномаи сармоягузорӣ  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» ва «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва ба роҳ мондани маркази хизматрасонии техникӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» бо мақсади амалигардонии фаъолияти сармоягузорӣ, ба роҳ мондани истеҳсолот, мусоидат намудан ба содирот, воридотивазкунӣ  ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ  равона карда шудааст.

14 феврали соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри», ки бори аввал дар мамлакат банду басти автобусҳои тамғаи «Акиа»-ро ба роҳ мондааст, шинос шуда, амалӣ  кардани иқдоми мазкурро дар пешрафт ва баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонии шаҳри Душанбе муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд ва ҷиҳати сохтмони бинои хатти истеҳсолӣ  санги асос гузоштанд.

Дар мавриди пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаи муштарак иқтидори истеҳсолии автобусҳо дар як сол то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд.

Ҳаҷми сармоягузорӣ  барои бунёд ва ба роҳ мондани хати истеҳсоли воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар 100 млн. сомониро дар бар мегирад.

Бунёди корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ  бо дарназардошти таъмини фаъолият бо техника ва технологияҳои муосири ҷаҳонӣ  роҳандозӣ  шудааст.

Мавриди зикр аст, ки 200 адад автобусҳои хариднамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шарти банду басти минбаъда дар ҳудуди мамлакат аз ҷониби мутахассисони корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» анҷом дода шуд

Илова бар ин, мутахассисони дар банду баст фаъолияткарда барои баланд бардоштани малака ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ  ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар гардида, аз рафти истеҳсолоти аввал то ба итмом расонидани истеҳсоли автобусҳо ва дигар намуди воситаҳои нақлиёт сабақ гирифтанд.

Танҳо дар фурсати кӯтоҳ ба мутахассисони маҳаллӣ  бо кумаки мутахассисони касбии туркӣ  муяссар гардид, ки  муҳлати банду басти 1 адад автобусро аз 6-7 рӯз ба 1-1,5 рӯз расонанд.

Маҳз баланд бардоштани савияву малакаи мутахассисони маҳаллӣ  барои сари вақт банду баст ва тибқи тартиби муқарраргардида супоридани автобусҳо ба корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе имконпазир гардонид ва дар айни замон муддати 1 сол аст, ки шумораи автобусҳои таҳвилёфта ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ  бандубастгардида дар хатсайрҳои пойтахт ба хизматрасонии ҳамлу нақли сокинон ва меҳмонони пойтахт равона гардидааст.

Автобусҳои бандубастшуда ва истеҳсолшаванда мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии «Евро 5» дорои муҳаррики ширкати бонуфузи «Мерседес Бенз» ва мутаҳаррики ширкати немисии  «Zahnrad Fabrik», инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётӣ  ва васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ  ва туркӣ  харидорӣ  карда мешавад.

Тибқи нақша дар назар дошта шудааст, ки марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар истеҳсол карда шавад. Дар мадди аввал автобуси дохилишаҳрӣ  бо дарозии 12 метр ва бо ғунҷоиши 98 нафар мусофир, ки дар он 26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст истеҳсол мегардад.

Яке аз хусусиятҳои рақобатнокии автобусҳои истеҳсолшаванда он аст, ки ҳамаи моделҳои автобуси тамғаи «Акиа» бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол карда мешаванд, ки ин ба кам намудани вазни умумӣ  оварда расонида, аз ин ҷиҳат сарфакунии хароҷоти сӯзишворӣ  ва ҳифзи муҳити зист, инчунин муҳлати истифодаи автобусҳо зиёд мегардад.

Автобусҳо бо 5 камераи назоратӣ  ва 2 экрани намоишдиҳанда, таҷҳизоти гарму хунукидиҳанда (кондиционер) муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки баҳри бехатарӣ  ва ҳамлу нақли барҳавои мусофирон хизмат мерасонад.

Роҳбарияти корхона нақша дорад, ки дар асоси таҳлилҳо марҳила ба марҳила истеҳсоли микроавтобус ва мошинҳои боркашро низ ба роҳ монад.

Бинои бунёдшуда ва навсозишуда бо тарҳи замонавӣ  ва истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ  ба анҷом расонида шуда, дар маҷмӯъ масоҳати хати истеҳсолии корхона 12 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Фаъолияти корхонаи муштарак бо мақсади қонеъ намудани  талаботи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳсулоти истеҳсолнамуда ва содирот намудани он ба кишварҳои минтақа мебошад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 27, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд