Дар Нур-Султон парвозҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ барқарор шуданд

Январь 11, 2022 12:10

ДУШАНБЕ, 11.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Парвозҳои байналмилалӣ бо шаҳри Нур-Султон, ба истиснои парвозҳои Lufthansa ва Turkish Airlines қариб пурра барқарор карда шуданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Қазоқистон хабар додааст.

«Парвозҳои байналмилалии ҳавопаймоии шаҳри Нур-Султон, ба истиснои парвозҳои Lufthansa ва Turkish Airlines пурра барқарор карда шуданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат.

Тибқи иттилои вазорат, аз 11 январ ба (аз) Нур-Султон аз (ба) Москва, Минск, Дубай, Варшава, Франкфурти Майн, Тошканд, Новосибирск, Коломбо, Анталия ва Кутаиси анҷом додани 27 парвози байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст. Лағви ягон парвоз дар назар нест.

«Аз (ба) Актау, Чимкент ва Туркистон 8 парвози байналмилалӣ ба   Истанбул, Махачқалъа, Грозний иҷро шуда, аз Алмаато ва Актобе 20 парвоз ба (аз) Истанбул, Дубай, Мале, Тошканд, Москва, Самарқанд, Коломбо, Шарҷа, Боку ва Нуқус лағв карда шудааст»,-хабар доданд аз вазорат.

                                                             АКС: ТАСС/Турар Казангапов 

Январь 11, 2022 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид