Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон соли хониш оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали моҳи январи соли 2022 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шашмоҳаи якуми соли хониш оғоз гардид. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба ин муносибат дар толори асосии Вазорати мудофиа бо иштироки сардори Ситоди генералӣ, муовинон ва мушовирони Вазири мудофиа, фармондеҳони навъҳои қӯшун, сардорони раёсатҳо, шуъбаю хадамоти алоҳидаи дастгоҳи марказӣ ва Ситоди генералӣ бо садо додани Суруди миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Собирзода доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ва авзои мураккаби ҳарбӣ-сиёсии минтақа сухан гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки ҳайати роҳбариву фармондеҳии сатҳу зинаҳои гуногунро зарур аст дар чунин шароити пуртазод барномаҳои таълимӣ ва мавзуъҳои барои давраи таҳсил пешбинигардидаро зери назорати қатъӣ гирифта, донишҳои соҳавии ҳайати шахсиро боз ҳам тақвият бахшанд ва бо масъулияти касбиву вазифавӣ дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар саҳм гузоранд.
Ҳамин гуна ҷамъомадҳо дар тамоми ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ дар сатҳи зарурӣ баргузор гардида, хизматчиёни ҳарбӣ дар доираи дастуру нақшаҳои таҳиягардидаи ин даври таҳсил дар нуқтаҳои таълимӣ ба дарсҳо аз фанҳои тахассусӣ ва омӯзиш дар машғулияти муайяншуда ҷалб гардиданд.
Ҳамасола дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ду давраи хониш доир мегардад. Шашмоҳаи якуми соли хониш аз моҳи январ оғоз гардида, то моҳи июн идома меёбад, нимсолаи дуюм аз моҳи июл то моҳи ноябр давом мекунад. Дар ҳарду давраи соли хониш як моҳ таътил дода мешавад, ки дар ин давра, хизматчиёни ҳарбӣ ба омода намудани синфхонаҳои таълимӣ, майдончаҳои тактикӣ, муҳандисию сафороӣ, варзишӣ ва пурра мутобиқ намудани пойгоҳҳои моддиву таълимӣ машғул мешаванд.
АКС аз Вазорати мудофиаи ҶТ








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






