Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 январ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» баргузор гардид. Дар ҷаласа таваҷҷуҳи иштирокдорон оид ба тадбирҳои андешидаи саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла ноҳияҳои Файзободу Рашт ва Шамсиддин Шоҳин равона гардид, иттилоъ додан ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазорату идораҳои дахлдор намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва як қатор масъулини Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок доштанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода зикр намуд, ки тамоми тадбирҳои амалишаванда дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамчунин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа супориш дода шуд, ки ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои мухталифи комуникатсионӣ ва иҷрои натиҷаи миёнамуҳлатҳои Лоиҳа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Иштирокчиён оид ба татбиқи лоиҳа фикру андешаи худро баён намуда, бо дарназардошти таклифҳои пешниҳодгардида ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» қарор қабул гардида, нақшаи корӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи мазкур дар соли 2022 барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.
АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






