Даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 25.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021» оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини Вазири маориф Гулчеҳра Ғанизода, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зимни маросим Муҳаммадюсуф Имомзода иброз намуд, ки мақсад аз гузаронидани озмун дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод ва муаррифии таҷрибаи пешқадами педагогии онҳо миёни кормандони соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, ҳамчунин баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад.
Муовини Вазири маориф ва илм иштирокдоронро бо шартҳои озмун шинос намуда, зикр кард, ки довталабон аз рӯйи 7 шарт: муаррифии таҷрибаи корӣ, баргузор намудани маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, доир намудани соати тарбиявӣ, кор бо компютер, ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон мегардонанд.
Дар озмуни имсола омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳир Хоруғ Хушбахт Азизбеков, омӯзгори фанни физикаи Литсейи тамоили техникии ба номи «Афлотун» дар ноҳияи Данғара Шавкат Тағоев, омӯзгори фанни физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Б. Ғафуров Наима Зоидова, омӯзгори фанни географияи Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Моҳира Мусоева ва– омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Роғун Сунбула Юсупова иштирок намуда, миёни ҳам рақобат мекунанд.
Озмун се рӯз идома ёфта, маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ба ғолибон 27 январ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
АКСҲО: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон











Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд






