ФУТБОЛ. Дастаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ мақоми аввал ва Ҷоми Раиси ВМКБ – ро соҳиб шуд

Январь 15, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Баҳри ба даст овардани Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бо ҳадафи таҳкими тарзи ҳаёти солиму оммавияти варзиш дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ миёни 12 дастаи ҷавонон мусобиқаи футбол баргузор гардид, ки дар натиҷа дастаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ мақоми аввал ва Ҷоми Раиси вилоятро соҳиб гардид.

Тавре аз ДДХ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар мусобиқа асосан донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва кормандони ҷавони раёсату идораҳои маҳаллӣ бо ҳам рақобат намуда, ғолибон бо ҷом, медал, ифтихорнома, мукофоти пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят қадрдонӣ гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои даври ҷамъбастӣ дастаҳои “МИҲД – и шаҳри Хоруғ” ва “Ҷавонон” зинаҳои сеюму дуюмро сазовор шуданд.

Ректори ДДХ, профессор Гулзорхон Юсуфзода аъзои дастаи донишгоҳро баъди ғолибият дар мусобиқаи вилоятӣ бо дилгармии хосса ба ҳузур пазируфта, онҳоро боз ҳам ба дарки моҳияту асолати ватандорӣ, вафодор будан ба миллату давлат, ба таври шоиставу созгор пеша намудани ҳаёти солим ва дар рӯҳияи худшиносӣ пеш бурдани таҳсилу фаъолият ҳидоят намуда, онҳоро бо туҳфаи пулии Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ намуд.

 АКСҲО аз  ДДХ

Январь 15, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад