ФУТЗАЛ. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд

Январь 7, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки 10-12 апрели имсол дар Бишкек баргузор мегардад, муайян шуданд. Дар натиҷаи қуръакашии мусобиқа дастаи мунтахаби   футзали Тоҷикистон  таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ба гурӯҳи «B» шомил шуда, бо дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Афғонистон ва Непал қувваозмоӣ мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив шомил шуданд.

Дар асоси натиҷаи  марҳилаи интихобӣ аз минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба финали Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25  сентябр то 20  октябри соли  2022 дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Гурӯҳи А: Эрон, Кирғизистон, Туркманистон, Молдив

Гурӯҳи В: Узбекистон, ТОҶИКИСТОН, Афғонистон, Непал

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 7, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад